sebiston july new
Путин Қонун дар бораи гирифтани шиносномаҳои хориҷии шахсони ба хизмат даъват шударо имзо кард
3969


Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Қонун дар бораи гирифтани шиносномаҳои хориҷии шахсони ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват шударо имзо намуд.

Ҳуҷҷати мазкур дар портали “Санадҳои ҳуқуқӣ” нашр шуда, тибқи ин қонун шахсоне, ки ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват шудаанд ва хурӯҷашон аз қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст, вазифадоранд, ки дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ баъди гирифтани даъватномаи ҳарбӣ шиносномаи хориҷии худро ба мақомоте, ки шиносномаро додааст, шӯъбаи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ё МФЦ супоранд.

Шиносномаҳои ба хизмат даъватшудагон дар ин мақомотҳо то ба анҷом расидани мӯҳлати манъи хуруҷи соҳибонашон аз қаламрави Федератсияи Россия ва ё анҷоми мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ба ҳамин тартиб шахсоне, ки дар бахшҳои мухталифи хадамоти федеролии амнияти Россия кор мекарданд ва бо сабабҳои гуногун аз кор озод карда шудаанд, ҳамчунин аз хизмати ҳарбӣ дар ин сохтор озодшудагон вазифадоранд, ки шиносномаҳои хориҷии худро ба мӯҳлати 5 сол барои нигаҳдорӣ супоранд. Шиносномаҳои ин афрод дар Хадамоти амнияи Россия-ФСБ нигаҳдорӣ карда мешавад.

Шумораи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул кардаанд, хеле зиёд аст. Оё ин қонун ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, далх дорад?

Бо ин савол мо ба коршиносони самти муҳоҷират муроҷиат намудем. Раҳмон Улмасов, профессори кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар робита бо ин мавзӯъ гуфт:
“Дар мавриди қонуни наве, ки президенти Россия Владимир Путин ба имзо расонид ва таъсири он ба шаҳрвандони кишвари мо, ки душаҳрвандӣ дошта, ҳамзамон шаҳрванди Федератсияи Россия ба шумор мераванд, ҳанӯз ду давлат ба ягон тавофуқи аниқ нарасидаанд.

Ин қонун ба муҳоҷирони меҳнатӣ аслан дахл надорад, вале тибқи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия шахсони душаҳрвандӣ доштае, ки ҷойи доимии зисташон Россия ба шумор меравад, ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват карда метавонанд. Дуюм: Тавре ки президенти Россия Владимир Путин дар баромади охиринаш зикр намуд, дигар ниёзе ба мобилизатсия нест, зеро аллакай ҳудуди 150-200 ҳазор нафар ба таври ихтиёрӣ ҷалб шудаанд.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, бинобар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар Россия ҳастанд, бояд эҳтиёткор бошад. Дар сурати кӯшиши ба таври маҷбурӣ ҷабл намудани онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоянд ё ба телефони боварии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Россия занг зада, хабар диҳанд....”

Аммо ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” назари дигар дорад ва мегӯяд:
“Вақте ки кас шаҳрвандии ин ё он кишварро қабул мекунад, бояд дарк намояд, ки дар баробари ба даст овардани ҳуқуқ ва имтиёзҳо ҳамчунин масъулиятҳои муайянро бар дӯш мегирад. Шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, ҳамзамон шаҳрванди Россия ба ҳисоб мераванд ва дар назди ин кишвар масъулият доранд.

Аз ҳамин хотир шахсони душаҳрвандӣ доштае, ки ба таври доимӣ дар Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд, агар ба хизмати харбӣ даъватнома гирифта бошанд, дигар қаламрави ин кишварро тарк карда наметавонанд. Тибқи қонун онҳо шиносномаҳои хориҷии худро баъди гирифтани даъватномаи ҳарбӣ бояд супоранд”.

#нансмит #журналист #муҳочиратибехатар #безопаснаямиграция #маъракаиттилоотӣ #инфокампания #mediacamp #mediatj #internewstj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД