sebiston july new
ПУТИН МУШКИЛИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИРО ОСОН МЕКУНАД?
3286

Солҳои охир муҳоҷирати меҳнатӣ ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфтааст. Дар қатори дигар муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамасола ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик низ барои дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонадонашон роҳи дигар кишварҳо, махсусан Русияро пеш мегирифтанд, аммо...

Пандемия мисли балои осмонӣ якбора сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, роҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро низ ба Русия баст. Табиист, ки баста шудани роҳҳо ба ҳаёти мардуми тоҷик бе таъсир намонда, сатҳи пасти иқтисодиёти моро боз ҳам пасттар гардонд. Ҳазорон-ҳазор оилаҳо, ки зиндагии худро туфайли маблағи дар кишвари рус кор кардаи падар, шавҳар, фарзандон ё дигар шахсони наздики худ пеш мебурданд, аз манбаи даромади хеш маҳрум гашта, ин шабу рӯзҳо аз нигоҳи иқтисодӣ душворӣ мекашанд. Аз ҳамин сабаб иддае аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо кадом қиммат ва бо кадом роҳу воситае набошад, дубора ба Русия рафтан мехоҳанд. Агар шумо ҳам чунин нияту нақша доред, пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Президенти Русия Владимир Путин ба кабинети вазирон супориш додааст, ки то санаи 1-марти соли 2021 тартиби қабули муҳоҷирони меҳнатиро барои кор дар иншоотҳои сохтмонӣ содатар гардонад. Амри сарвари кишвари абарқудрат кори шахсонеро, ки ҳунару малакаи корҳои сохтмониро доранд ва дар Русия кор кардан мехоҳанд, осон хоҳад кард.

Золим ба ёдоварист, ки қаблан корҳои сохтмонӣ дар кишвари рус асосан бо қувваи муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳуриҳои Осиёӣ Миёна пеш мерафт. Бо сабаби хурӯҷӣ коронавирус ва баста шудани роҳҳо имсол ҳудуди якуним миллион муҳоҷирони меҳнатӣ, ки пештар дар иншоотҳои сохтмонӣ кор мекарданд, натавонистанд ба Русия сафар намоянд. Пандемия ба рафти корҳои сохтмонӣ таъсири манфӣ расонида, аксари ширкатҳои бузург бо сабаби нарасидани қувваи корӣ наметавонанд дар вақти таъиншуда биноҳоро сохта ба истифода диҳанд.

Президенти Русия тартиби қабули муҳоҷирони меҳнатиро ба кор дар сохтмон содатар карда, бо ҳамин роҳ норасоии қувваи кориро бартараф кардан мехоҳад.
Агар шумо ба пандемия нигоҳ накарда, дилу нияти ба Русия сафар кардан дошта бошед, беҳтараш ҷабҳаи сохтмонро интихоб намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД