Formula novemver 2024
ПУШАЙМОНИИ ПИРДУХТАР
5732

Салому паёми самимӣ ба кормандону қаламкашони сомонаи "Оила". Чун "Оила" -ном гирифтаӣ ва камина, ки оила надорам, бо як чаҳон умеду ният қоғазу қалам ба даст гирифтам! Шояд худо насиб кунаду бо ташаббус ва мадади "Оила" сохиби оила гардам!

Мӯҳтарам муаллифони қиссаҳои ғамангезу пурмоҷаро! Бовар кунед, ҳар рӯз маводи сомонаро бесаброна интизор мешавам то бидонам, ки оё касе низ ҳамқисмати ман ҳаст ё на?! Худо хеҷ банда, хатто душмани касро чун ман танҳову зор насозад. Дар кӯдакиам ҳамроҳи бибиам рӯи чогаҳ, болои кати рӯи ҳавлӣ мехобидему бибиҷонам афсонахои дилчасп мегуфт. Ба осмон нигариста, ситора мешуморидам ва бибиам мегуфт, ки ҳеҷ ситораи осмон ва хеч бандаи рӯи замин тоқа нест. Афсӯс, ки имрӯз бибии афсонагӯям дар барам нестуман дар синни 45-солагӣ ҳоло ҳам тоқаву танҳоям ва ситораи бахтамро наёфтаам.
Баробари кушодани сомонаи “Оила” ба мӯҳтавиёти он менигараму лаззат мебарам ва гоҳе озурда мегардам. Ҳар як сатри он бароям чӣ хеле набошад, мақбуласт. Аммо ҳоло, рост бигӯям, шояд Шумо ҳайрон шавед? Аксарияти навиштаҳо одобу рафтори духтарону занонро махкум мекунанд, аммо ман ба онҳо ҳасад мебарам.

Аввал ин ки зани дуюм, сеюм ва хатто чорум ё маъшуқа мешаванд. Чӣ келе набошанд ва бо кадом роҳу тарозе набошад, онҳо дар ин дунё баҳрае, лаззате аз зиндагӣ бардошта, комширин кардаанд. Ман чӣ?! Ман ба ҷуз китобу рӯзнома ҳамдаму ҳамрозе надорам. Лаззати ишк, шаҳди ҳаётро… танҳо аз китоб хонда, аз киноҳо дида, хаёлан тасаввур мекунаму лаззат мебарам… Синнам ба ҷое расидаву танҳоям! Чаро?! Бадахлоқу бероҳа будам?!
Не! Не! То ба имрӯз ҷинси мард даст ба дастам нарасонидаву касе номамро носазо ба забон наовардааст. Чун духтари тарбиятдида то хатми мактаби миёна ва Донишгоҳ ба рӯи касе сар бардошта нигоҳ накардаам. Бо сари хам таҳсил карда, чун духтари поку боиффат бехабар аз ишқу ошиқӣ ва муҳаббат, таҳсилро ба поин овардаму бо сари баланду номи нек ба хона баргаштам. Маҳз рафтори шоистаам буд, ки чӣ кадар волидон бо дили пур духтаронашонро аз деҳа ба мактабҳои олӣ фиристодаанд. Дар мактаби деҳ чун муаллимаи хушахлоқ намуна будам. Ба изхори муҳаббати чавонон ҳатто заррае гӯш надода, тақдирамро ба дасти волидонам вогузошта будам.

Ба хостгории баъзеҳо агар падарам розӣ бошад, модарам зид мебаромаду хушкардаи модарам мақбули падар намегашт. Ва ё агар писанди ҳарду мегашт, аз хешу табор боз касе гап бофта мебаровард, ки падару модарам аз раъйашон мегаштанд.
Бо ҳамин синни ман аз 25 гузашту пои хостгорон низ аз хона канда шуд. Дигар ҷавонони муҷаррадро дар синну соли ман пайдо кардан ҳам душвор буд. Одати деҳоту қишлоқҷойҳо ба ҳама маълум: "духтари хубу дидадаро буду лек шояд ягон дарде доштагист, вагарна чаро ба касе надоданд"
Ҳамин тавр бо одобу ахлоқи ҳамида, пирдухтар шуда мондам. Аммо аз ояндаи қисмати хеш ба ҳеҷ кас даҳон накушодам ва ба он аз рӯи таомули ачдодӣ ҳақ ҳам надоштам!

Қаҳрамонони қиссаҳои Шумо- духтарони маҳаллӣ дар ҷустуҷӯи бахти хеш аз урфу одат даст кашида ба шаҳрҳои гуногун мераванд. Бархе ба худ ҷуфти муносиб, бархе сари ҳавову ҳаваси ҷавонӣ муваққатан бошад ҳам шавҳар ё ошиқ ёфта, оғӯши гарму лутфу навозиш ва бистари нарми мард ҳаловат мебаранд. Охир гурбаву саг ва ҳатто мор ҳам ташнаи навозиш асту аз он баҳра мебарад. Ман чӣ?!
Дирӯз тасодуфан дар кӯча бо як дугонаи ҳамсабақам дучор омадам. Аз дасти кӯдаки тахминан сесолае дошта шодон меомад. Аз рӯи шунидаҳоям ӯ низ бо вучуди дар ҷои хуб соҳибвазифа буданаш то ба ҳол шавҳар накарда будааст. Бо ин андешаҳо ба кӯдаки зебои дустрӯ ишора карда пурсидам:
-Ҷиянчаат?
-Не, писарчаи худам-Ҷовид!
-Чӣ хел? Шавҳар накарда будӣ-ку?! Кай шавҳар кардӣ?! Саросема, бо тааччуб забон хоида пурсидам.
Дугонаам хандаи талху дардомез карду бо чашмони пурашк ва сӯзу гудоз гуфт:

-Намедонам дугона, кӯр, каршал ё бадахлоқу бероҳа ҳам набудему чаро то ба имрӯз танҳо мондем. Ба духтарони аз 14 болои имрӯза менигараму ба ҳайрат меафтам, чӣ хеле ки русҳо мегӯянд "нахальство второе счастье" бо бешармӣ, нозу ишва ва берӯӣ ҳар ҷавону мардро ба худ ром карда шавҳар мекунанд ва боз аз ӯҳдааш баромада метавонанд. Шояд гуноҳи мо дар беҷуръатӣ ва шарму ҳаёамон бошад? Хоҳару додаронам соҳиби хонаву дар ва фарзанд гаштанд. Аз таънаи волидону баъзе баддаҳонҳо ва ниҳоят, аз танҳоӣ ба танг омадаму ба шахркӯчидам. Дӯстону шиносҳо маслихат доданд, ки баҳри ободию дилхушии худ ва савоб тифлеро ба фарзандӣ гирифта тарбия намоям.

Чанд рӯз андешида ба хулосае омадам, ки бегона-бегона асту рӯзе аслашро аз баддаҳонҳо фаҳмида, рӯи хона хайрону зор гузоштанаш мумкин. Беҳтараш азони худам бошад, касе чизе гуфта наметавонад ва ба хамаи гапи мардум чашм пӯшида баҳри кӯдак, барои ояндаи худ таваккал кардам. Одамони боақл фаҳмиданду тарафдориам намуданд, беақлҳо як-ду солпичинг заданду ниҳоят хомӯш шуданд.

Ана, холо чӣ хеле ки мебинӣ, месазад, ки баҳри кӣ ва барои чӣ кору зиндагӣ кунам! Ҷовидам аз танҳоӣ раҳониду хонаи холиву хсмӯшамро пуру обод сохт! Ӯ инро гуфту Ҷовидро рӯи даст гирифта, сахт-сахт ба оғӯшаш зер карда рухсораҳои ғунчаосояшро гарм бӯсиду аз нидои тифлона шоду масрур ба роҳаш рафт. Ман дар нимароҳ ҳайратзадаву лол ва ғамгин. бо қалби хунин, ашк бари рухсор аз қафояш бо ҳасрат нигариста мондам.

Ҳоло миёни чор девори баланди сахти тақдир ҷавониву камолотро танҳои танҳо паси сар менамоям. Назди оина урён меистаму ба пайкари нафис. бо илҳому эҳсоси саршор нигариста, мегӯям: "Дар ин дунё танхо чароям?!" Наояд ҳарфи мард аз хонаам, рӯи бистарам оҳори тан нест! Намеояд овози мард паси тирезаҳои пардапӯшам ва намеояд ҳарфи муҳаббат аз ин лабҳои гӯёву хомӯшам! Чаро? Магар ман ранҷонидам мардеро, ки оҳаш маро гирифт ва ё маро марде озор дод, ки дилам аз марди дунё мондаасту дар наза- рам ҳама мардони дунё назарбозу дурушту бемеҳранд!
На, на, танҳо шарму ҳаё, иффат имконам намедиҳад то ба онҳое, ки хоҳонам буданд, лутф намоям. Беиродагию бечуръатиам намегузорад он хоҳиши ниҳониямро ошкор созам, гарчанде нигоҳам гум накарда барқи худро, лабони бӯсахоҳам бӯса хоҳаду тани ташнаи навозишам дастону бозувони оҳанини пурмеҳр! Гуфта наметавонам то бигӯям:
Биё, эй ёр меҳмонат кунам ман,
Дамодам бӯсаборонат кунам ман.
Ба барфи пайкарам кун барфбозӣ,
Ризо аз ҳастии ҷонат кунам ман!
Боз бо ин ҳама хоҳишу ҳасрат дурӣ мечӯям зи мардон, то авлоду аҷдодамро сархам насозам. Пас чӣ бояд кунам, кадом роҳ пеш гирам?! Боварӣ дорам: дилеро ба даст оварда, мардеро хушбахту сармасти зиндагӣ карда метавонам. Танҳо он вақте ки волидонам иҷозат диҳанду дасти дуо бардоранд! Аммо зани дуюм шуда аз бахти зане, аз оғӯшу ҷогаҳи ҳамҷинси худ мардеро ба оғӯшу ҷогаҳи худ хонда, нафс шикаста хушбахт шуданӣ нестам. Маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам, ки умрам бесамару беҳосил
нагузарад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД