Ҳабиба ном дорам. Се сол пеш ба Русия фирор намудам. Сабаби аз хона гурехтанам Зафар ном ҷавони дӯстдоштаам гашт. Ӯ ба ман ваъда дода буд, ки дар Русия пул кор карда меояду тӯй мекунем, вале баъди рафтани азизи дилам, як хешамон ба хонаи мо хостгорӣ омад ва падарам розигиямро напурсида, маро ба писари онҳо-Саид фотиҳа кард.
Баъди рафтани хостгорон бо волидонам ҷанҷол бардоштам, ки Саидро намегирам. Падарам ба ғазаб омада, бо асои дасташ чунон лату кӯбам намуд, ки аз ҳуш рафтам.
Субҳ ба худ омада, бо сад азоб аз ҷо хестаму ба Зафар занг зада, воқеаро нақл кардам. Ошиқам хеле андеша карду баъд гуфт: “Пул мефиристам, билет харида, ба ин ҷо биё. Ҳардуямон кор карда, маблағ ҷамъ мекунему баъд ба ватан баргашта, тӯй мекунем”.
Азбаски хеле зиёд дӯсташ медоштам, розӣ шудам. Рӯзи дигар маблағи фиристодаашро аз бонк гирифтаму аз падару модарам пинҳонӣ ба фурудгоҳ рафта, чипта харидам ва баъди чанд рӯз аз хона гурехтам.
Зафар маро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, ба иҷорахонааш бурду ҳамон шаб муллоро ба хона оварда, никоҳ кард. Ҳамин тавр, муддати се сол бо ошиқам дар мулки бегона зану шавҳар шуда, зиндагӣ кардам. Дар ин миён ҳомиладор шудам. Вақте Зафар инро фаҳмид, “Волидонам маро оқ мекунанд”, - гуфта, маҷбурам кард, ки ба беморхона рафта, исқоти ҳамл намоям.
Ӯ нақша дошт, ки бе фарзанд ба Тоҷикистон рафта, ба волидонаш мегӯяд, ки мо бо ҳам оиладор шудем. Розӣ нашудам. Байнамон ҷангу ҷанҷол шуд.
Шаби боронӣ буд. Дар хона танҳо будам ва аз он истифода карда, гурехтам. Зафар ҳатто аз пасам наомад. Барои аз даст надодани ягона пуштибонам - Зафар розӣ будам, ки кӯдакро партояму зиндагиамонро бо ҳам идома диҳем, вале ошиқи номардам дигар маро нахоста, сари субҳ “Ҷилу ҷайданатро гирифта, аз ин хона дафъ шав!” - гӯён, либосҳоямро аз дари иҷорахонааш ба берун партофт.
Як моҳ дар ба дар гашта, мисли гадоҳо пул талбидаму чипта харида, ба ватан баргаштам. Фаҳмидам, ки модари бечораам ба таънаю маломати авлодонаш тоқат накарда, аз сактаи қалб ҷон додааст. Падари пирам шармандаи аҳли деҳа шуда, аз он ҷо кӯч бастааст. Кофта-кофта, падарамро ёфтам ва пеши пояш афтида, гиряву зорӣ намудам, ки аз гуноҳам гузарад. Хайрият, ки падарам мисли дигар падарон маро оқ накард.
Пушаймониамро дида, сарамро сила карду гуфт: «Писар надорам, ки дастаи тобутамро бардорад. Ягона умедамон ту будӣ, аз ҳамин хотир, туро мебахшам!»
Падарам гуноҳамро бахшида бошад ҳам, ман ҳанӯз худамро бахшида наметавонам. Аз тамоми духтарон хоҳиш мекунам, ки мисли мани гумроҳ ба доми фиреби Зафар барин бачаҳои ахмақ наафтанд, чунки оқибати ин ишқу ошиқиҳо танҳо пушаймонист!
Ҳабибаи конибодомӣ