Formula novemver 2024
ПУШАЙМОНИИ АРӮСИ ГУРЕЗА
5763

 

Бозгашти Ҳоҷӣ

Ғулом пас аз тавофи хонаи Худо ба назди зану фарзандонаш, ки ҳама соҳиби хонаву дари худанд, баргашт. Аҳли оила ба шарафи Ҳоҷӣ шудани падари бузургворашон зиёфат дода, дастурхони пурнозу неъмат оростанд. Ҳамсари меҳрубони Ғулом Нисо чанд сол боз бемори ҷойгаҳӣ буд ва пас аз зиёфат шавҳарашро ҳамроҳи ду писари калонияш Аҳтаму Аҳмад боз дошта гуфт, ки ба онҳо гапи муҳим дорад.

Хоҳиши вопасин

Шавҳару фарзандонаш ба сари болинаш омаданд. Нисои рангаш ба заъфарон монандгашта, дастони  шавҳари меҳрубону ғамхораш Ҳоҷӣ Ғуломро бӯсида гуфт:

-Ман аз шумо як умр розиву миннатдорам. Шумо барои табобати ман тамоми корро кардед, табибу муллое намонд, ки маро ба наздаш набурда бошед, вале аз афташ ризои Худованд дар шифоёбии ин бандааш набудааст, ки ҳамаи кӯшишҳоятон беҳуда баромаданд. Дигар умеди дубора аз ин бистар бархостанро надорам. Рӯзу соатҳои башумори умрам боқӣ мондаанду намехоҳам бе пиҳилӣ аз дунё равам. Мабодо хатое аз ман гузашта бошад, маро бубахшед.

-Сад бор бахшидам,-ашки чашмонашро поккунон гуфт Ҳоҷӣ.

Нисо аз писаронаш хоҳиш кард, ки падарашонро зан диҳанд, чунки вай солҳо инҷониб ҳамчун зан хизмати шавҳарашро карда наметавонад ва намехоҳад дар он дунё барои зомини нафси ин мард гаштанаш ҷазо бубинад.

Аз шунидани ин суханҳо натанҳо шавҳараш Ҳоҷӣ Ғулом, инчунин писаронаш Аҳтаму Аҳмад низ лол гашта, хомӯшу ҳайрон ба Нисо менигаристанд. Модар дастони ларзони худро рӯи дастони писаронаш гузошт. Ин маънии онро дошт, ки хоҳиши охирини маро албатта иҷро кунед.

-Падаратон ҳоло ҷавон аст, ман бошам беморам. Ба падаратон зиндагӣ лозим аст. Зиндагии оилавӣ. Шумо вазифадоред, ки падаратонро зан диҳед,-таъкид намуд модар.

Аз ин пешниҳоду хоҳиши ҳамсараш дар чашмони Ҳоҷӣ Ғулом ашк ҳалқа зад ва меҳрубонона зани беморашро ба оғӯш гирифта, аз чеҳраи заъфарониаш бӯсид.

Баъди ин суҳбати кӯтоҳ фарзандон бо розигии модару падар аз паи хонадоркунии Ҳоҷӣ шуданд.

Дар ҷустуҷӯи арӯс

Падару писарон як умр бо тиҷорат машғул буданд ва зиндагии ҳаматарафа таъмину осоишта доштанд. Ҳоҷӣ Ғулом соҳиби ҳавлии боҳашамат буд ва метавонист ба қавли мӯйсафедон «духтари пеши деҳа»-ро ба занӣ бигирад, вале интихоби арӯсро ба фарзандаш вогузор намуд.

Аҳтаму Аҳмад барои маслиҳат ба назди раиси маҳалла Зебохон рафтанд. Зебо зани босавод ва хушрафтору хушгуфтор буд ва аҳли маҳалла ҳамеша бо маслиҳати ӯ кор карда пушаймон намешуданд. Зебо қариб ҳамаро медонисту мешинохт ва барои ӯ ёфтани ҳамсари хуб барои Ҳоҷӣ Ғулом кори мушкил набуд.

Раиса бародаронро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт. Аҳтаму Аҳмад пешниҳоди модари беморашонро ба Зебохон гуфта, маслиҳат пурсиданд. «Модаратон розӣ бошанд, ман албатта барои Ҳоҷӣ ҳамсари хуб меёбам»,- ваъда дод раиса.

Гурезаҳо

Пагоҳи он рӯз Зебохон аз паи иҷрои қавли додааш шуда ба назди Соҷидамоҳ, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шавҳарашро кушта буданду аз ноҳияи Ромит бо ду духтарчаи хурдсолаш ба пойтахт гуреза шуда омада буд, рафт. Соҷидамоҳ чанд сол боз дар наздикии хонаи онҳо иҷора менишаст. Ин зани поксиришт, ки на савод дошту на касбу ҳунар бо азобу уқубат фарзандонашро ба камол расонид. Аз ранҷу азобҳои ин зан Зебохон аз рӯзҳои аввали ба инҷо омаданаш бохабар буд ва мувофиқи имконияташ тез-тез ба ӯ ёрӣ мерасонд. Ҳоҷӣ ваъда дода буд, ки ҳамсари ояндаашро ба ҳавлӣ не, ба хонаи бисёрошёна мебарад ва он хонаро ба  номаш мегузаронад, аз ҳамин хотир Зебохон хост духтари Соҷидамоҳро ба Ҳоҷӣ Ғулом ба шавҳар дода, соҳиби манзил ва зиндагии обод гардонад. Раиса хуб медонист, ки Ҳоҷӣ марди хубу олиҳиммат аст ва аз қавлаш намегардад, бинобар ин бо дили пур дари хонаи Соҷидамоҳро куфта, дар хусуси шавҳар додани духтараш Аниса бо ӯ маслиҳат кард. Соҷидамоҳ аз ин таклифи Зебохон хурсанд шуда, ваъда дод, ки бо духтараш маслиҳат мекунаду розигии ӯро гирифта, баъд ҷавоб мегӯяд.

Маслиҳати ошиқи бе кафан

Ҳангоме, ки модар аз Аниса розигияшро пурсид, духтарак барои фикр кардан як рӯз муҳлат хост. Соҷидамоҳ розӣ шуд. Аниса ба як ҷавони мисли худаш бехонаву дар дил дода буд ва пинҳонӣ аз модараш  бо ӯ мегашт. Вай омадани хостгори бою бадавлатро ба дилдодааш нақл кард. Духтараки сода гумон дошт, ки аз шунидани ин гап қаҳри Зоир меояду «Пагоҳ худам ба хонаатон хостгор мефиристам» мегӯяд, вале хаёлаш хом баромад. Зоири ташнаи пулу мол сухани маҳбубаашро бо диққат гӯш карда гуфт:

-Розӣ шав, вале ба никоҳаш дароӣ ҳам, бо ҳар баҳона бойбоборо ба худат наздик шудан намон. Имкон надеҳ, ки бо ту муносибати маҳрамона кунад. Чизу чора ва пулу моли шавҳаратро, ки аз худ кардӣ, баъд бо баҳонае аз хонаи ӯ мегурезӣ. Ба ҳамон пулҳо аз ягон гӯшаи дур хона харида, ҳардуямон зиндагӣ мекунем.

Фардои он рӯз Аниса розигии худро ба модар гуфт. Модар аз хурсандӣ ба қавле «дар куртааш намеғунҷид». Хушхабарро ба Зебохон расонданду раиса дарҳол аз писарони Ҳоҷӣ севанчӣ гирифт.

Арӯси тиллопеч

Ҳоҷӣ Аниса духтари калон бошад ҳам, бори аввал шавҳар мекунад гӯён, барои арӯсаш беҳтарин либосаву гӯшвора ва ангуштаринҳои тиллоро харида, бо тӯю сур ӯро ба сехонагии бо тамоми ашёҳои рӯзгор муҷаҳҳаз овард. Домоди саховатманд ба модари арӯс низ ҳамаҷониба ёрдам кард. Ҳоҷӣ ба Соҷидамоҳ маблағи андак не, даҳ ҳазор доллар дод, то ки ин зани танҳо зиндагияшро ба сомон дарорад. Модари Аниса дар тамоми умраш чунин маблағро надида, аз дидани пулу моли зиёд қариб шодикаф мешуд.

Духтари маккора

Ҳоҷӣ аз дидани арӯси хушқаду қомат ва паричеҳра хурсанд буд ва бо Аниса бисёр боодобона рафтор мекард. Рӯзи аввал духтараки ҷавонро ба худ каме одат кунондан хоста ба ӯ наздик нашуд. Рӯзи дуюм Ҳоҷӣ Ғулом бо арӯсаш наздикӣ кардан хост, вале Аниса бо тамоми овоз доду фарёд зада мардаки бечораро талхакаф кард. Арӯс аз дарди шадиди шикамаш шикоят мекард. Ҳоҷӣ аз макри арӯсаш бехабар дарҳол ӯро гирифта ба духтур бурд. Табибон Анисаро аз назар гузаронида, гуфтанд, ки арӯс сип-сиҳат аст, ягон ҷояш дард намекунад, метавонад ӯро гирифта барад. Ҳоҷӣ аз ин рафтори арӯсаш ба шубҳа афтида таъбаш хира гашт, вале кӯшиш мекард, ки инро ба касе ошкор насозад. Ба хона баргашта Ҳоҷӣ Ғулом арӯсашро маҷбур кард, ки сабаби чунин рафтор карданашро гӯяд. Аниса дид, ки дигар илоҷ надорад, ҳамаашро аз аввал то охир як ба як нақл карда дод.

Моҷарои домоду хушдоман

Ҳоҷӣ Ғулом худи ҳамон лаҳза арӯси макорро ба мошин бор карда, ба хонаи модараш бурд ва талаб кард, ки ҳамаи чизу чора ва маблағи додаашро ба ӯ баргардонанд. Соҷидамоҳ, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, аз рафтори духтараш ба ғазаб омада гуфт:

-Ҳоҷиҷон, илтимос , як дам истед ва худ ба хонаи дигарӣ даромад.

Ҳоҷӣ дар погаҳи дар интизори бозгашти Соҷидахола шуд. Ин дам модар аз дасти духтари дуюмаш Оиша, ки хеле зебо буд, дошта аз хона баромаду гуфт:

-Мана, инро бо розигии худаш бурда ба никоҳатон дароред!

-Ман розӣ,-тасдиқ намуд сухани модарашро духтарак.

Ҳоҷӣ Оишаро бо розигии худаш ба никоҳаш даровард.

Пушаймонӣ надорад суд

Ҳоло зиндагии Оиша хуб аст Арӯси ҷавон аз шавҳари меҳрубону дорандааш розист. Анисаро бошад, модараш ба ҷавони дӯстдоштааш Зоир никоҳ карда доду гуфт, ки аз ин пас роҳи хонаи ӯро фаромӯш кунанд. Аниса бо ошиқи бекафанаш дар хонаи иҷора зиндагии хеле қашшоқона дорад. Акнун ин духтари беақл аз кардааш сахт пушаймон аст ва афсӯс мехӯрад, ки ба  фанду фиреби Зоир бовар карда, бахти тиллоии худро пеши по зад. Аниса зиндагии шоҳонаи хоҳарашро дида, пушти даст мегазаду ашк мерезад.

Ашки сӯзон, ашки пушаймонӣ…

                                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД