Салом! Мадина ҳастам, ҷавондухтари 19 солаи сокини шаҳри Душанбе. Волидонам розигиамро напурсида, маро ба ҷавоне ба шавҳар додан мехоҳанд, ки кию чикора буданашро намедонем.Сад бор гуфтам, ки ман бо шахси ношинос оиладор шудан намехоҳам, вале модарам “Падар розӣ-худо розӣ” гӯён, маро ба издивоҷ маҷбур карда истодааст. Мехостам фаҳмам, ки аз назари дини ислом розигии духтарро барои никоҳ пурсидан зарур ҳаст ё не?
Мадина, сокини ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар дини мубини ислом ризоияти духтар яке аз шартҳои асосии никоҳ қарор дода шудааст, зеро агар никоҳ бе ризоияти духтар ба амал ояд, тамоми зиндагии ӯ талху ногувор хоҳад шуд.
Ислом ба падару модар тавсия додааст, ки ба духтарони худ комилан ҳаққи интихоб дода, ба хоставу иродаи онҳо эҳтиром гузоранд. Дар ин хусус Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳеҷ духтар ва бевазане бе ризоият ба никоҳ дода нашавад». Саҳобагон арз карданд:-Ё Расули Худо (с) аз духтар чӣ гуна иҷозат гирифта мешавад? Мумкин аст, ки ӯ аз фарти шарму ҳаё гап назанад. Расули Акрам (с) фармуданд: «Сукут (хомӯшӣ)-и ӯ изн (иҷозат, ризоият) аст».
Ҳазрати Муҳаммад (с) алалхусус дар бораи гирифтани ризояти ятимдухтар хеле зиёд таъкид кардаанд, яъне, зимни ба шавҳар додани ятимдухтар ҳатман иҷозати ӯ бояд гирифта шавад.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: «Аз духтари ятим дар бораи никоҳ ҳатман иҷозат гирифта шавад. Агар иҷозат ҳосил шуд хуб, вагарна маҷбур набояд кард».
Дар никоҳ ҳамон гуна, ки ризоияти духтар шарт аст, машварат ва иҷозат гирифтан аз валӣ (соҳибдарак, падар, сарпараст)-и духтар низ зарурӣ аст. Нахустин валии духтар падари ӯст. Агар падарат фавт карда бошад, ё ғоиб бошад, он гоҳ бародари ҳақиқӣ, агар бародар набошад, амак, бобо, тағо ва ғайра валии ӯ ҳисоб меоянд. Оқил ва болиғ будани валӣ зарурист. Никоҳи духтари ноболиғ бе иҷозати валӣ саҳеҳ нест.
Аз ин рӯ, иҷозат гирифтан аз валӣ пеш аз никоҳ зарурист.
Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар зане, ки бе иҷозати валии худ никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст».