tobiston
Пулро дар куҷо нигоҳ доштан бехатар аст?
09.08.2025
Oila.tj
72

Дар ҷойи бехатар нигоҳ доштани пул низ аз кас ақлу дониш ва фарҳангро талаб мекунад. Дар замони рушди босуръати технология ва молияи рақамӣ, масъалаи бехатар нигоҳ доштани маблағ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Бояд донем, ки пул на танҳо воситаи харид ва пасандоз, балки яке аз омилҳои асосии суботи иҷтимоӣ ва иқтисодии шахс ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги молиявӣ ва бехатар зарурати замон гаштааст.

Бехатар нигоҳ доштани маблағ чист?

Бехатар нигоҳ доштани маблағ ин раванди ҳифзи дороӣ аз хавфҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, дуздӣ, қаллобӣ, талафот дар натиҷаи беэҳтиётӣ ё истифодаи нодуруст. Ин амал ҳам чанд восита дорад. Масалан, баъзеҳо дар ҷевон ё сейф пулро нигоҳ медоранд. Бархеи дигар бошанд, маблағро дар ҳисобҳои бонкӣ бо риояи қоидаҳои амн нигоҳ медоранд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки воситаи дуюм беҳтару бехатар аст.

Қадамҳои муҳим дар боло бурдани фарҳанги молиявӣ

Бисёре аз мушкилоти молиявии шаҳрвандон аз набудани дониш ва малакаҳои оддии молиявӣ сар мезананд. Ҳолатҳои қаллобӣ тавассути телефон, интернет, гирифтани қарзи ғайрмақсаднок, сармоягузории нодуруст ва гум кардани маблағ дар натиҷаи беэҳтиётӣ - ҳама аз набудани фарҳанги молиявии бехатар гувоҳӣ медиҳанд.

Чанд қадами муҳим аст, ки барои ташаккули фарҳанги бехатар замина мегузорад.

Якум, маълумотнокӣ. Яъне, омӯзиши асосҳои молия, шиносоӣ бо хатарҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо.

Дуюм, пасандоз. Одат кардани худ ба захираи маблағ барои ҳолатҳои фавқулодда.

Сеюм, истифодаи бонкҳо. Нигоҳ доштани маблағ дар ҳисобҳои бонкӣ беҳтар аз нигоҳ доштани пули нақд аст. Зеро он оа кафолати бехатарӣ таъмин мешавад.

Чорум, муҳофизати маълумоти шахсӣ. Ҳеҷ гоҳ маълумоти корт, PIN-код, SMS-рамз ва дигар иттилооти молиявиро ба шахсони ношинос додан лозим нест.

Панҷум, диққат ба қаллобӣ. Ҳар гуна ваъдаҳои “пул кор кардан осон” ё “сармоягузории фаврӣ” бояд бо шубҳа ва таҳлил пазируфта шаванд.

Нақши волидон ва мактабҳо

Омӯзиши фарҳанги молиявӣ бояд аз кӯдакӣ оғоз шавад. Волидон бояд ба фарзандонашон на танҳо арзиши пул, балки роҳҳои дурусти истифода ва ҳифзи онро омӯзонанд. Дар мактабҳо бошад, дарси молиявии амалӣ метавонад ояндаи насли солим ва соҳибмаърифатро таъмин кунад.

Дар маҷмуъ, шахсе, ки маблағашро дуруст ва бехатар нигоҳ медорад, суботи оилавӣ, иқтисоди шахсӣ ва ҳатто устувории иқтисодии кишварро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, барои амнияти молиявии хеш ва насли оянда омӯзем ва амал намоем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД