arzon replenishment
Пулис ҳуқуқ пайдо мекунад, ки муҳоҷирони кории қонуншиканро ихроҷ намояд
400

Аз 5-уми феврали соли 2025 кормандони пулис дар Русия ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки муҳоҷирони кории қонуншиканро аз ин кишвар ихроҷ намоянд. Қаблан ба ин кор танҳо додгоҳҳои Русия ҳақ доштанд.

Шуруъ аз 5-уми феврали соли 2025 дар Русия реестри электронии шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд, фаъол мегардад. Дар реестри мазкур қонунӣ будан ё набудани зисту зиндагии ҳар як шаҳрванди хориҷӣ қайд шудааст.

Шахсоне, ки номашон ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ ба рӯйхати сиёҳ афтодааст, баъди 5-уми феврал дигар дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда наметавонанд. Дар сурати ба чанг афтодан кормнадони пулис чунин муҳоҷиронро аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд кард.

Муҳоҷиронеро, ки то ин вақт ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ карда, бидуни патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор мекарданд, пас аз 5-уми феврал дар ягон ҷо ба кор намегиранд, зеро барои ба кор гирифтани чунин муҳоҷирон корфармоён тибқи қонун ҷарима месупоранд.

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунин наметавонанд бо касе ақди никоҳ банданд, паси чанбараки мошин бишинанд ва барои парвоз ба ин ё он минтақа чиптаи ҳавопаймо бихаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД