Arzon march 2024
Пули нави мошингузар ва роҳи дуқабата сохта мешавад
1601

Дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт манъ карда шуд. Дар ин бора шаҳрдорӣ хабар додааст.

Роҳ аз буриши кӯчаҳои Қаҳҳоров ва хиёбони Саъдии Шерозӣ (пас аз пули дарёи Душанбе) то кӯчаи Маҳмадалӣ (гардиши комбинати гӯшт) баста шудааст. Аз 13-уми июл то 25-уми август ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ манъ аст.

Бо сабаби баста шудани роҳ автобусҳои №6 ва №43, ҳамчунин маршруткаҳои №1 ва №11, ки қаблан тариқи ин роҳ ҳаракат менамуданд, минбаъд тариқи кӯчаҳои Абай, Фучик ва соҳилӣ ҳаракат мекунанд.

Аз ронандагон ва мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Кӯчаи Қаҳҳоров дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бозсозӣ карда мешавад. Дар доираи ин нақша васеъ кардани роҳ ва сохтани чоҳу қубурҳои нави обгузар дар назар дошта шудааст.

Дар роҳи мазкур дар буриши хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров, А. Ҷомӣ роҳи дуқабата сохта мешавад.

Тариқи пули Душанбе сохтмони пули мошингузар дар назар дошта шудааст, ки дарозиаш 2,57 км мебошад.

Ҳадаф аз сохтмони пул ва роҳҳои нав бартараф намудани танбашавии роҳ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва мутобиқсозии роҳҳои пойтахт ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД