Воридоти тозаи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022 ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ монда, ба ҳадди олии таърихии 49% расид. Дар ин хусус Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише дар бораи иқтисоди Тоҷикистон навиштааст.
Бино ба иттилои расмӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2022 қариб ба 116 миллиард сомонӣ (10,5 миллиард доллар) расидааст.
Мувофиқан, вуруди пул аз 5,2 миллиард доллар гузаштааст, ки ин барои ҷумҳурӣ дараҷаи рекордӣ мебошад. Пеш аз ин, воридоти аз ҳама бештари интиқоли пул дар соли 2014 - ҳудуди 4,2 миллиард доллар сабт шуда буд.
“Пули интиқолии муҳоҷирон як манбаи муҳими коҳиши фақирӣ дар Тоҷикистон аст. Хоҷагиҳо гуфтаанд, ки беш аз 80% маблағҳои интиқолӣ барои ғизо ва тақрибан 10% барои дигар эҳтиёҷоти асосӣ, аз қабили тандурустӣ, манзил ва маориф истифода мешаванд. Қисми боқимонда барои пасандозҳо, пардохти қарз ва дигар мақсадҳо истифода мегардад”, - навишта шудааст дар гузориш.
Тавре таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, ин гувоҳӣ медиҳад, ки фақирӣ дар Тоҷикистон бе интиқоли пул ба маротиб бештар хоҳад буд.
“Назарпурсиҳои "ТоҷСтат" нишон медиҳанд, ки аз 22 то 30 дарсади даромади умумии хонаводаҳо аз ҳисоби интиқоли пул ба даст меояд, ки беш аз 90 дарсади он аз Русия аст”, - таъкид мешавад дар гузориш.
Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои вобаста ба интиқоли пул дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Онҳо таъкид мекунанд, ки ҳудуди 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия одатан дар сохтмон ва тиҷорати чакана кор мекунанд.