Мурод миёни гирдоб буд. Он рӯз Париваш чор кӯдаки кӯчакро гирифта лаби дарёи Душанбе меравад ва видеовизов карда мегӯяд, ки “агар худи ӯозир наоӣ, ҳам худам, ҳам сағераҳоятро ба об мепартоям!”.
Мурод ба Сабо вазъиятро фаҳмонду осемасар давида рафт. Паривашро ором карду бо кӯдакон ба хона омаданд. Ин дафъа Мурод сахт асабӣ шуд. Ба ҳамсараш шарт гузошт, ки агар ҳамин бор чунин рафтори аблаҳона мекунӣ, ман туро рост ба девонахона мебарам.
Париваш чизе нагуфт. Муддати ду моҳ Париваш ором буд.
Боре Сабо ба шавҳараш гуфт:
- Мардак, бисёр азоби руҳӣ дорӣ аз рӯйи рашки зан. Биё ҷудо шавем, ту ку маро дӯст намедорӣ, зиндагии маҷбурӣ оянда надорад. Ман худам бо ҳунарам зиндагиамро пеш мебарам. Бо духтаронат метавонӣ ҳар вақт дидор бинӣ. Ман дигар тоқати чунин зиндагиро надорам. Бе меҳри ту танҳоям, эй мард. Зиндагӣ бидуни муҳаббат маънӣ надорад.
Вале Мурод гуфт:
- Очаи кӯдако, ҳаргиз ман туро сар намедиҳам. Аввал ин ки, пеши модар ваъда додаам, дувум ин ки, мо духтаракони беҳтарин дорем, савум ин ки, ту беҳтарин занӣ.
- Тамом?
- Чорум ин ки вақтҳои охир ба дилам ҷо шудаӣ?
- Мардак, посух деҳ, магар ба як дил ду муҳаббатро яку якбора ҷо дода мешавад?
Мурод дар саволи ҳамсараш сукут кард. Дар ҳақиқат, ба як дил ду муҳаббат намеғунҷад. Аммо муҳаббати ҳақиқӣ то дами марг боқӣ мемонад.
Ӯ ба Сабо гуфт:
- Очаи кӯдако, ман туро беҳад эҳтиром мекунам. Ҳама гапамро ба ту мегӯям. Аммо бо Париваш наметавонам сирри дил бикунам. Бисёр ҷангара аст. Хислати ту кош дар ӯ мебуд... Гапи ҷудоиро дигар ба забон нагир.
Париваш дар ятимхона калон шуда, намедонист, ки падару модараш кӣ буданду барои чӣ аз баӯри ӯ баромаданд. Инак баъди солҳои зиёд модари ӯ, ки Алия ном дошту бо сабаби тарс аз волидайн ӯро дар ятимхона гузошта рафта буд, пайдо шуд. Алия аз Чеченистон буду бо хонаводааш дар шаҳри Ростови Русия зиндагӣ мекарданд. Парвиз аз Тоҷикистон. Онҳо вақти дар аскарӣ будани Парвиз бо ҳам ошиқ шуданду якҷоя аз шаҳри Ростов ба Тоҷикистон омаданд. Падару модари Алия қасам хӯрданд, ки агар Алия тифлашро партофта наояд, ӯро қабул намекунанд. Алия бо модари Парвиз ҳар рӯз дар ҷангу ҷанҷол буд. Оқибат ӯро бо тифлаш аз дар берун карданд. Он рӯз Парвиз аз ҳукми падар тарсида, ӯро талоқ дод. Алия дар даст тифлаки 7-моҳа ба ятимхонаи шаҳр омада, кӯдакро забонхат навишта доду баромада рафт ба Русия.
Баъди солҳои зиёд Алия ба Тоҷикистон омада, аз хазинаи ятимхона духтарчаашро ҷустуҷӯ намуд. Ӯ ду бор ба шавҳар баромад, аммо дигар фарзанд таваллуд карда натавонист.
Алия суроғаи Паривашро ёфта омад. Алия аз падару модар тамоми сарвату хонаҳои онҳоро меросӣ гирифта, дар зиндагӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин буд. Париваш модарашро хеле хуб пазироӣ намуд. Мурод як зиёфати бодабдаба дар тарабхона барпо намуд ба хотири хушдоманаш. Париваш баъди модарашро ёфтан хеле тағйир ёфта, дигар бо шавҳараш ҷанг намекард. Баръакс, аз шавҳараш хоҳиш кард, ки духтаронашро гоҳ-гоҳ ба хонаи ӯ биёрад.
Боре дар танҳоӣ ба шавҳар гуфт:
- Отаи Ҳасан, Ҳусайн, медонам, ки бисёр ғам додам туро. Майлаш, ба назди ҳамсарат бирав ва боадолатона ӯро ҳам меҳрубонӣ кун. Ин дунё на ба шумо мемонад ва на ба ман. Бубахш маро.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН