Нафаре, ки ронандаи ширкати “Як-таксӣ”-ро корд зада буд, гуноҳашро эътироф намуд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навореро пахш намудааст, ки дар он тафсилоти ҳодисаи нохуши ронандаи таксиро корд задани як мусофир дар пойтахт нақл карда мешавад. Ҳодиса санаи 24-уми январи январи соли равон дар кӯчаи Яккачинор сар зада, як мусофир ронандаи ширкати “Як-таксӣ” Зиёвиддин Бековро корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намуда буд.
Гумонбаршуда муддати тӯлонӣ аз ҷониби мақомот дар ҷустуҷӯ қарор дошт, вале баъдан маълум гашт, ки ӯ ҳангоми дуздӣ дастгир шуда, дар паси панҷараи маҳбас қарор дорад.
Дар наворе, ки раёсати ВКД дар Душанбе пахш намудааст, Ғозиев Абдуҷаббор ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуда, бо забони худ тафсилоти ин ҳодисаи хунинро нақл мекунад.
“Пулам камтар буд, барои ҳамин ронандаро махсус ба ҳамин ҷойи хилват оварда, корд задам”,- мегӯяд Ғозиев.
Дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.