Барои муҳофизати беҳтари пӯст мутахассисон истифодаи ниасинамид, витамини С ва махсусан кремҳои аз офтоб муҳофизаткунандаро тавсия медиҳанд.
Ҳангоми интихоби чунин кремҳо бояд ба он аҳамият дод, ки онҳо аз ҳар ду намуди нурҳои UVA ва UVB муҳофизат кунанд. SPF 30 тақрибан 97 фоиз ва SPF 50 қариб 98 фоизи нурҳои зараровари офтобро бозмедорад.
Дар фасли тобистон аз ретинол ва кислотаҳо даст кашидан лозим нест. Агар онҳо бо тавсияи мутахассис, дуруст истифода шуда, ҳамзамон пӯст бо кремҳои муҳофизаткунандаи офтоб ҳифз карда шавад, барои солим, ҳамвор ва ҷавон нигоҳ доштани пӯст фоидаи зиёд мерасонанд. Душмани асосии пӯст худи ретинол нест, балки таъсири аз ҳад зиёди нурҳои офтоб мебошад.