Салом! Урунбек ҳастам, муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия. Ростӣ, бори аввал аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадаам ва қонуну қоидаҳои муҳоҷиратро чандон хуб намедонам.
Барои ман барин бачаҳои “деҳқон” дар Русия кору зиндагӣ кардан душвор аст.Пул дошта бошем ҳам, ба осонӣ хона ёфта наметавонем. Пас аз сарсонию саргардониҳои зиёд базӯр як хонаи иҷора пайдо кардем, вале соҳибхона моро дар қайд, яъне “прописка” мондан намехоҳад.
Як рафиқам дар ин ҷо шиносе доштааст, ки бар ивази пул ба муҳоҷирон “прописка”-и қалбакӣ карда медодааст, вале баъзеҳо мегӯянд, ки агар ба чанг афтед, аҳволатон бад мешавад. Мехоҳам донам, ки “прописка”-и қалбакӣ барои муоҷирон чӣ хатар дорад?
Посух
Бародари азиз! Ҳаргиз ин корро накунед, чунки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия барои бақайдигрии қалбакӣ дар макони зист ва ё бақайдгирии қалбакии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи моддаи 327-и Кодекси ҷиноятии Россия қасдан харидорӣ намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ низ ҷиноят ба ҳисоб меравад. Соҳибхона шуморо дар қайд гузоштан нахоҳад, беҳтараш иҷорахонаи бигар ҷӯед. Шумо метавонед аз сомонаҳои ЦИАН, Авито, Яндекс. Недвижимость ва ё Локалс барои худ хонаи мувовиқ ёбед.
Кӯшиш кунед, ки бо соҳибхона шартномаи хаттӣ баста, хонаро бо роҳи қонунӣ ба иҷора бигиред. Дар шартномаи иҷораи манзил бояд масъалаҳои зерин ҳатман зикр карда шаванд: мӯҳлати амали шартномаи иҷораи хона, маблағи моҳонаи иҷораи манзил ва санаи пардохти иҷорапулӣ, маблағи гарав-залог ва тартиби кӯчидан.
Фаромӯш накунед, ки ба шартномаи иҷораи манзил ҳам соҳибхона ва ҳам иҷоранишин бояд имзо гузошта, розигии худро ба шартҳои иҷора тасдиқ намоянд. Қабл аз ворид шудан ба манзили иҷора тамоми ҷиҳози дар хона бударо, ки моликияти соҳибхона ҳастанд, ба рӯйхат гирифта, аксашонро дар телефони худ бигиред, то дар кадом ҳолат қарор доштанашон маълум бошад.
Ин кор ба он хотир зарур аст, ки баъд соҳибхона бо баҳонаи вайрон кардани ҷиҳози рӯзгор аз шумо маблағи иловагӣ талаб накунад. Нишондодҳои ҳисобкунаки барқ ва обро дар телефони худ чунон сурат бигиред, то рақамҳояш маълум бошанд. Соҳибхона бояд қарзи барқ ва оби истифода бурдаашро худаш пардохт намояд. Вақте ба соҳибхона пул медиҳед, забонхаташро гиред. Маблағро тариқи электронӣ ба суратҳисоби соҳибхона мегузаронида бошед, расид-чеки пардохти маблағро нигоҳ доред.