Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гашта буд, ки дар он лаҳзаи худро аз ошёнаи 5-ум партофтани як зани ҳомиладор сабт шудааст.
Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ба ин навор вокуниш намудааст. Дар вокуниш омадааст: “Навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида оид ба ҳодисаи аз ошёнаи 5-уми бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб ба поён афтодани зан аз тарафи прокуратураи шаҳрӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки 24-уми майи соли 2024, соати 11:15 дақиқа Ҳикоятмои Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1999, зодаи ноҳияи Ш. Шоҳин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, аз сабаби ба миён омадани муноқишаҳо ва тавассути таҳдид моил намудан ба таъмини молиявии худ ба хонаи маъшуқаш, марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб рафта, номбурдаро пайдо накардааст. Бо мақсади тарсонидани маъшуқаш зан ба лаби тирезаи роҳрави ошёнаи 5-ум баромада, пойҳояшро ба қисмати кӯча кашол карда, ба номбурда занг зада, талаб намудааст, ки ба хонааш баргашта, бо ӯ вохӯрад. Ҳангоми гуфтугӯ Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ногаҳон лағжида, ба болои долони ошёнаи якум афтода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст”.
Гуфта мешавад, ки айни замон зан таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи саломатии ӯ аз тарафи мутахассисон вазнин эътироф карда шудааст. Санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.