Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд. Дар ин ҷо Сарвари давлати тоҷикон қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.
Сипас, Раҳбари кишвар ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмононро дар рӯйи замин ба ҷо оварданд. Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон — хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр намуданд.
Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи Замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби Замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.
Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад. Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намоянд.