Президенти Россия Владимир Путин зимни мулоқот бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳо ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ низ рӯ оварда, ба заҳмати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баҳои баланд дод.
Владимир Путин саҳми муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар пешравии иқтисодиёти ду давлат мусбат арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт:
“Имрӯз дар қаламрави Федератсияи Россия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда, дар пешравии иқтисодиёти Россия саҳми назаррас мегузоранд. “ Президенти Россия ҳамчунин таъкид намуд, ки буҷҷаи давлати Тоҷикистон низ аз ҳисоби маблағҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Ватани худ мефиристанд, фоидаи назаррас гирифта дар навбати худ ин ба пешравии иқтисодиёти кишвар ёрӣ мерасонад.
Путин гуфт, намояндагони ҳукумати Россия ҳамаи талоши худро ба он равона месозанд, ки барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ ва ҳимояи иҷтимоиро фароҳам оваранд, то ки шаҳрвандони Тоҷикистон худро дар Россия роҳат эҳсос намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 21-ноябр, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Москва ташриф оварда, бо президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд. Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро дар рафти мулоқот бо ордени “«За заслуги перед Отечеством» қадрдонӣ намуд. Дар ин бора Газета. ру хабар додааст.