Formula september
Президенти кишвар як профессори Донишгоҳи Самарқандро бо ордени «Дӯстӣ» қадр карданд
268

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олими шинохтаи тоҷик, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд.

Садрӣ Саъдиев бо ин мукофоти давлатии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шуд.

Садрӣ Саъдиев адабиётшинос ва раиси садорати «Хазинаи Рӯдакӣ» дар шаҳри Самарқанд буда, соли 2006 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Ӯ шуъбаи тоҷикии факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоиро хатм кардааст. Чанд сол дар бахши адабиёти форсу тоҷики шуъбаи шарқшиносии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, дастхатҳо ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кард.

Садрӣ Саъдиев соли 1985 ба зодгоҳи худ шаҳри Самарқанд баргашта, ҳамчун мудири кафедраи забон ва адабиёти шарқи хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ кор кард. Аз соли 2000-ум нафақахӯр аст. Ҳамчунин, ба сифати сардори Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд фаъолияти босамар дорад.

Ӯ муаллифи 6 рисолаи илмӣ ва 8 китоби алоҳида мебошад. Дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бештар аз 400 мақолаи илмию оммавӣ ва публитсистӣ ба табъ расонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД