1xbet
Президент ва Раиси шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
75

Имрӯз, 17-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 92 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷой, ошхона, китобхона, бойгонии Кумита, ду толори конфронсӣ, таҳхона барои нақлиёти хизматӣ ва 100 пенели офтобӣ бо иқтидори 70 кВт/с мавҷуд мебошад.

Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ, ки дар ошёнаи якуми бинои тозабунёди маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора карда мешавад, шинос шуда, бо як гурӯҳ мутахассисони соҳа суҳбати самимию созанда доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони ҷавон даъват намуданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Дар маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД