Имрӯз, 7-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд. Сарвари давлат нахуст ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Роҳбари давлат дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд, ки дар заминаи ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст. Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст. Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зиннат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад. Корхонаи мазкур дар як сол то 9 миллион адад армстронг истеҳсол карда метавонад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар маҷмуъ бо 150 шаклу дизайни муосир истеҳсол мешавад. Ҳамчунин имкон аст, ки маҳсулот дар асоси интихоби дизайн ва фармоиши мизоҷон омода гардад.
Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд.
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ»-ро ба истифода доданд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шералӣ Файзализода бунёд гаштааст. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гаҷкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст. Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гаҷкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.