Formula novemver 2024
Президент барои думболагирии лайк мақомотро танқид кард
521

 

Пешвои миллат гуфт:

Кушодани парвандаҳои ҷиноятиро барои лайк бас кунед!

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ахири худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост, ки кушодани парвандаҳои ҷиноиро алайҳи сокинон барои лайк гузоштан ба маводҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет хотима диҳанд.

Дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёде ба назар мерасанд. Сарвари давлат махсусан ба кушодани парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи сокинони кишвар барои лайк эрод гирифта, аз ҷумла чунин гуфтанд:

"Вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст.

Президент таъкид намуд, ки баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд ва ба ин амал бояд хотима гузошта шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД