Дирӯз, 5-уми декабр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
Корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд. Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсурҳои меъмории милливу ҷаҳонӣ оро дода шудааст. Дар ороиши конструксияҳои металии пули мазкур масолеҳи баландсифат истифода гардидааст, ки барои солиёни дароз хизмат намудани он мусоидат менамояд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино, ки масофааш 3 км аст, бо истифодаи таҷҳизоти равшанидиҳандаи каммасрафи барқӣ корҳои равшанинамоӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст. Махсусан шабона ҳангоми гузаштан аз болои пули мазкур манзараи зебои ҷолиб ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи ҳар як сокину меҳмони шаҳри Душанберо ба худ мекашад.
Дар рафти ороиши пули мошингузар, ки аз ду канори роҳ 6 қисмро ташкил медиҳад, бо истифода аз конструксияҳои оҳанӣ 15 нуқтаи идоракунӣ сохта шуда, ба дарозии 473 метр панҷараҳои оҳанини дорои тарҳу услуби муосир насб гардидааст. Баландии ороишоти конструксионӣ дар қисмҳои алоҳида аз 16 то 21 метрро ташкил медиҳад.
Тавре сомонаи расмии Сарвари давлат хабар додааст, зимни боздид аз корҳои анҷомёфта дар болои пули мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба завқу маҳорати бинокорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба ривоҷ дода шавад.