arzon replenishment
Президент ба оилаи Давлатманд Холов ҳамдардӣ баён намуданд
593


Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо даргузашти Давлатманди Хол ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардӣ баён намуданд.

Пешвои миллат саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён карданд.

Ёдрас мешавем, ки Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлати Хол шаби 18-уми феврал бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Ҷанозаи ин ҳофизи машҳур имрӯз соати 12.00 дар масҷиди Имом Абуҳанифаи шаҳри Душанбе баргузор гашта, марҳум дар оромгоҳи Лучоб дафъ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД