Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
Барои сохтмони бинои 7-ошёнаи марказ бо таҳхона, дар маркази ноҳия 18 садяк замин ҷудо гардидааст. Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои нави толори маҷлисӣ бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории Маркази ҷавонон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқи ҷавонон ва як толори хурд барои суҳбату вохуриҳо сохта мешавад. Марказҳои омӯзишиву тайёрии касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, гӯшаи варзишӣ дар ошёнаҳои аз 3 то 5 ва меҳмонхона бошад, дар ошёнаҳои 6-7 ҷой дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба бунёди сохтмони бинои 3-ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара» санги асос гузоштанд. Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст мешаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд. Баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд. Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони риштаи овозхонӣ, коргардонӣ ва навозандагӣ дар ошёнаи сеюми бино 11 синфхонаи таълимӣ таъсис дода мешавад. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ, толори мусиқӣ ва дигар ҳуҷраҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар таҳхонаи бинои театр осорхонаи санъат, коргоҳи дӯзандагӣ, анбори нигоҳдории либос ва созҳои мусиқӣ, нуқтаи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ сохта хоҳад шуд. Дар рафти сохтмони бинои театр беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳама талаботи муосири театрсозии ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад буд.
Сарвари давлат ҳамзамон дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд. Мактаб барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд. Таълимгоҳ аз 4 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар муассиса бунёди толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта мешаванд.
Дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара президенти мамлакат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд. Мактаб барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот аз 2 ошёна ва 5 бино иборат буда 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд иҷро намуда, то моҳи сентябри соли 2026 иншоотро ба истифода диҳанд.