Ширкати «FIFTYFIVEGROUP» аввалин прес-турро дар Тоҷикистон ташкил карда, хабарнигоронро ба сайри маҷмааҳои наву замонавии варзишии шабакаи толорҳои варзишии «55 GYM» бурд!
Санаи 27-уми май бо ибтикори «FIFTYFIVEGROUP» аввалин пресс-тур дар бахши варзиш баргузор гашта, хабарнигорон аз маҷмааҳои наву замонавии шабакаи толорҳои варзишии «55 GYM» дидан намуданд, ки ба ширкати «DOROB» таалуқ доранд.
Холдинги «DOROB»—шарики ширкати FIFTYFIVEGROUP» мебошад, ки асосан лоиҳаҳои варзиширо дастгирӣ ва дар амалӣ татбиқ менамояд.
Машҳуртарин маҷмааҳои варзишии кишвар аз қабили «55GYM», Академияи футболи «Ювентус» ва «UFCGYM» аз ҷониби ширкати мазкур идора карда мешаванд. .
«55 GYM» - аввалин шабакаи миллии толорҳои варзишӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳайъати он дохил мешаванд:
«55GYMSpirit»
«55 GYMAqua»
«55GYMLadies»
«55GYMCombat»
Ва маҷмааи варзишию табобатии «55 Health».
Имсол кушодашавии толори нави варзишии «UFC Gym» дар назар дошта шудааст, ки яке аз тамғаҳои машҳуртарини варзишӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
“55 GYM Spirit» ҳанӯз соли 2014 бунёд ёфта, маҷмааи замонавии бисёрфунксионалист ва ба муштариёни хеш хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод менамояд. Дар маҷмааи мазкур устодони варзидаи варзиш, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофу шинохта шудаанд ва чеҳраҳои машҳури варзиши Тоҷикистон кору фаъолият намуда, малакаҳои гуногуни варзиширо ба муштариён меомӯзанд.
Тӯли фаъолияти «55 GYM Spirit» ҳазорон нафар туфайли дастгирии чунин устодони варзиш орзуҳои худро амалӣ гардонидаанд.
«55 GYM Aqua» соли 2016 таъсис ёфтааст ва маҷмааи варзишии сатҳи олӣ буда, дорои ҳавз (бассейн) толори машқ(тренажёрный зал) фитнес, толори спортии алоҳидаи занона ва барномаҳои гурӯҳии варзишии занонаро аз қабили йога, аква-аэробика, фитнес, зумба, рақси арабӣ ва ғайра доро мебошад.Ин маҷмаа ҳамчунин фитнес бар, маҳс ва боз чандин хизматрасониҳои дигарро мувофиқи завқу табъашон ба муштариёнаш пешкаш менамояд.
Маҷмааи варзишии «55 GYM Aqua»—яке аз аввалин кашшофони самти нави фитнес EMS дар Ҷумҳурии Ттоҷикистон мебошад.
«55 GYM Ladies» —ин аввалин маҷмааи варзишӣ барои занон буда, доираи васеъи хизматрасониҳои варзиширо ба бонувон пешкаш менамояд.
Дар маҷмаа барои машғулиятҳои пурсамари варзишӣ ва истироҳати бофароғати занону духтарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маҷмааи мазкур бо техникаи навтарини варзишӣ ба пуррагӣ таъмин буда, устодони варзиш ба бонувоне, ки ба спорт шавқу рағбат доранд, нозукиҳои намудҳои гуногуни варзишро ёд медиҳанд.
Кормандони ин маҷмаа асосан аз ҷумлаи занон мебошанд.
Ба наздикӣ кушодашавии толори «55GYMCombat» дар назар аст, маҳорати ҳарбро ба хоҳишмандон меомӯзонад.
Дар ин толори сексияҳои варзишии зерин амал хоҳанд кард: MMA, санъати муҳорибаи римӣ (греко-римская борьба), греплинг, дзюдо, самбо, таэквондо, бокс, кикбоксинг, кросс-фит.
Дар ин толор натанҳо мардон, балки занону духтарон ва кӯдакон низ машқ карда метавонанд.