Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзгоҳи пойтахт пойгаи байналмилалии наврӯзӣ ташкил мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ 21-уми марти соли 2025, соати 15:00 дар "Наврӯзгоҳ" дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки ғолибонро ҷоизаҳо интизоранд.