arzon replenishment
Пойафзоли нав харидан дар хоб чӣ таъбир дорад?
4687

Салом! Ман Саодат. Хоб дидам, ки туфлии нав харида пӯшидаам ва бисёр хурсандам. Мегӯянд, ки пойафзол дар хоб ба ҷуфт ва ҳаёти оилавӣ алоқамандӣ дорад, аз ҳамин хотир каме дар ташвиш ҳастам, ки чи мешуда бошад. Илтимос, таъбири хоби маро гӯед.

Саодат, ш. Ҳисор

Пойафзол дар хоб фоли нек буда, аз ба вуҷуд омадани навигариҳои хуб дар ҳаёти шахси хобдида гувоҳӣ медиҳад.

Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки туфлии нав харидааст, ба ягон намуди тиҷорат сар мекунад, вазифаи нав мегирад ё ба сафари дур баромада, даромади калон ба даст меорад.

Дар хобатон марди дӯстдошта ва ё шавҳаратон бароятон пойафзоли нав тӯҳфа кунад ва хурсандона онро пӯшида ба кӯча бароед, ин чунин маънӣ дорад, ки шумо ҳаёти шахсии худро ба қавле “реклама” карда мегардед ва ин рафторатон метавонад боиси фош гаштани сирру асрори оилавӣ ва сар задани ҷангу ҷанҷоли сахте дар хонаводаатон гардад.

Духтари муҷаррад хоб бинад, ки касе ба ӯ пойафзоли нави қиматбаҳо туҳфа кардааст, бо ҷавонмарди сарватманде шинос ё оиладор хоҳад шуд, ки ӯро мисли кӯдак эрка карда, ҳама нозу нузашро мебардорад ва ҳамеша барояш туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим намуда, ҳасади дигар занону духтаронро меорад.

Шахс хоб бинад, ки худаш ба бозор ё мағоза рафта, барои худ туфлии нави қиматбаҳо харидааст, ҳаёташ мисли асал ширин шуда, соҳиби вазифаи баланд, пули моли зиёд ва зиндагии шоҳона мегардад.

Кашидани пойафзол аз по дар хоб чандон хуб набуда, аз он дарак медиҳад, ки дар ҳаёти шахси хобдид ягон ҳодисаи ногаҳонӣ сар мезанад ва ӯ маҷбур мешавад, ки аз нақшаву ниятҳои худ даст кашад.

Даридани пойафзол дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида манбаи даромад, ҷойи кор ё одами дӯстдоштаашро аз даст медиҳад.

Пӯшидани пойафзоли номувофиқ дар хоб далели он аст, ки шахси хобдида дар ҳаёташ мушкилиҳои зиёдеро бояд пушти сар намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД