arzon replenishment
Поксозии энзимии пӯсти рӯй чист?
18.01.2025
ОИЛА.ТҶ
848

Мо ҳамарӯза пӯсти рӯйямонро бо маҳлулу маводҳои поккунанда мешӯему гелу (скраб) поккунандаҳои дурушт мемонем. Ин маҳсулот барои пок гардонидани қабати болои пӯсти рӯй аз чирку чанги берун кӯмак расонанд ҳам, на ҳамаи равғани зиёдатии пӯст, кератин ва ҳуҷайраҳои мурдаро, ки дар сӯрохиҳои пӯст мемонанд, бартараф мекунанд. Аз ин рӯ, косметологҳо истифодаи маводҳои бештар поккунандаро тавсия медиҳанд, ки ба ин гуна маҳсулот пилингҳо, малҳам ва намуди мухталифи поксозиҳо дохил мешаванд. Поксозии (пилинг) энзимӣ аз ҷумлаи онҳост.

Энзимҳо ин ферментҳое мебошанд, ки дар равандҳои мухталифу зарурӣ иштирок мекунанд. Онҳо ҳамчун ҳалкунанда, алоқамандии байни сафедаҳоро барҳам медиҳанд. Аслан, ду намуди асосии энзимҳо – растанигӣ ва бактериявӣ мавҷуданд. Ин маводҳо дар тибб, истеҳсолоти маводи хӯрока, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо васеъ истифода мешаванд. Намуди якумӣ истифодааш хеле шадид буда, дуюми баръакс ба пӯст мулоим таъсир расонида, пас аз хотимаи истифода амали худро анҷом медиҳад.

Поксозии энзимӣ – амалиёти косметологӣ буда, барои эҳтиёткорона пок сохтан ва солим гардонидани пӯст мебошад. Тавассути он нуқсонҳои мисли доначаи рӯй, пайҳои баъди нарак, ожангҳои хурд, доғҳо, ранги тираи рӯй, ва чин бартараф карда мешавад. Дар таркиби пилинг ҷузъиёти ёрирасоне, ки таъсири тарангсозӣ доранд, мавҷуд аст. Ин ҷузъиёт мувозинати таровати ҳучайраҳоро барқарор карда, равандҳои мубодилавӣ ва барқарорсозии пӯстро метезонанд.

Афзалият  

Назар ба дигар пилингҳои ҷавҳарӣ пилинги энзимӣ таъсири мулоим дошта, ба ҳама намуди пӯст, ҳатто ба пӯсти ҳассос ва носолим мувофиқат мекунад. Онро дар ҳама фасли сол истифода бурдан имкон дошта, аз шуои офтоб вобастагӣ надорад. Дар баробари ин энзимҳо ҳуҷайраҳои мурдаву шахшудаи болои пӯстро мулоим ва бе зарар пок месозанд, ки натиҷаи онро аллакай пас аз як чанд маротиба истифода бурдан, дида мешавад.

Новобаста аз тарафҳои мусбат, ин усул норасоиҳо низ дорад. Равиши онро бояд бо тафсил, пайиҳам гузашт ва истифодаи якмаротибаи он натиҷаи давомнок надорад. Дар мавриди чинҳои чуқур ё дигаргуниҳои амиқи пӯст воситаҳои дигари косметикӣ он қадар муфид нест.  

Тавсия ва пешгирӣ  

Поксозии энзимӣ (ферментӣ) дар чунин ҳолатҳо зарур аст:  

• Ожангҳои рӯякӣ ва миёна, яъне сабук  

• Гиперпигментатсия –доғи аз ҳад зиёди пӯст

• Роҳҳо/сӯрохиҳои (поры) кушода ва чиркини пӯст

• Тарангии пасти рӯй, афсурдагии он ва сустии мушаки рӯй

• Доначаҳои нарак ва доғҳои баъди нарак, доначаҳои сиёҳи сурохии пӯсти рӯй

Амали мазкур ҳангоми нуқсонҳои зерин гузаронида намешавад:

• Тобнооварӣ ба таркиби маводи энзимӣ

• Харобшавии мувозинати ҳормонҳо, вайроншавии кори системаи ғадудҳои дохила

• Бемориҳои пӯст дар ҳолати шадид

• Осеби механикии пӯсти тамизмешуда

• Ҳомиладорӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД