Акмал Алӣ, маъшуқаҳои бешуморе дошт ва Аҳмар ба ин одат карда буд. Боре шавҳараш аз дар даромада гуфт:
-Занак, медонӣ, як маъшуқа доштам, пеш аз ту, шаш сол боз дар Амрико буд, ҳоло омадаасту маро ба тарабхона даъват дорад, наравам номардӣ мешавад,-Аҳмар характери шавҳаратро хуб медонист, ӯ аз ҳисоби зан хӯрданро ба худ нангу ор ва шикасти оини ҷавонмардӣ медонист. Аз ин рӯ, чизе нагуфт, агар мегуфт, қиёмат қоим мешуду зери мушту лагат монданаш ҳам аз имкон дур набуд, Акмал худро орою торо дода, атри қиматбаҳояшро пошида, ба вохӯрӣ рафт.
Аҳмар ӯро масту аласт ва ними шаб интизор буд, аммо ѓайри чашмдошти зан ӯ барвақт ва сурхуш баргашта, сари мизи корияш нишаст. Аҳмар фаҳмид, ки табъи шавҳараш хира аст, зуд як финҷон қаҳваи гармро пешаш гузошт. Акмал дурудароз ба вай нигариста гуфт:
-Медонӣ, ман ӯро ҳақорат додам, барои ту ва гуфтам, ки бори дигар дар зиндагиям пайдо нашав! Чун дар бораи ту пурсид, гуфтам Аҳмар санъати тасвириро хеле хуб эҳсос мекунад ва маро дӯст медорад, ӯ дар ҷавоб гуфт, ки ин қишлоқии маккор ба хотири ту худашро ошиқи санъати тасвирӣ нишон додааст. Кори вай ба ту чӣ?! Ту ку маро гузоштӣ назди вай равам, ин худаш таҳқири эҳсоси ту буд! Магар ҳамин кам набуд, ки боз шишта, туро ѓайбат мекунад?!
Аҳмар бо лабханди талх гуфт:- Хайр ҳеҷ гап не, ман одат кардам ба гунаҳгори бегуноҳ будан….
Подоши ҷавонмардӣ
Он шаб хоби Аҳмар хуб набурд, аммо субҳи барвақт боз барои ҳамсари бемораш субҳона тайёр намуда, ӯро сер кард, боз дар мизи наздаш чизҳои заруриро гузошта ба кор рафт. Дарси аввалро дода буд, ки ӯро ба ҳуҷраи директори мактаб ҷеѓ зада гуфтанд, ки як зан интизори шумост…
Зан Манзура буд, ки мехост бо Аҳмар аз наздик шинос шавад, ин зани қариб шастсолаи миёнақади зардинаро Аҳмар ба боѓи зебои мактаб таклиф намуд ва онҳо он ҷо ду соати расо ҳарф заданд.
-Ман хеле дер дар сисолагиям соҳиби фарзанд шудам,- ба нақл сар кард Манзура ва идома дод,- аз шавҳарам барои бефарзандӣ ҷудо шудем. Дар ин миён бо як олими ҷавон шиносоӣ пайдо намудам ва ҳомиладор шудам. Ошиқам зану фарзанд дошт ва ҳомиладор шудани маро фаҳмида, пурра аз ман бурид. Падару модарам бухороиёни асил ва байни ҷомеа номдор буданд ва инро шармандагии гӯшношунид номида гуфтанд, ки исқоти ҳамл кунам. Аммо ман не гуфтам ва онҳо маро аз хона ронданд, бо шиками дамида куҷо рафтанамро намедонистам. Номардиҳои дӯстдоштааму аз ман рӯй гардонданани волидонам сахт асабиям карданд, намедонистам чӣ кор кунам. Шаб аз нима гузашта буду ман ҷомадонам дар даст рӯйи хараке дар истгоҳи роҳи оҳан (Ростӣ, ҳозир намедонам чаро он ҷо рафтам) зор-зор мегиристам, ки аз дурӣ чор нафар ҷавон шӯхикунон омаданд аз пеши ман гузашта, хеле роҳ рафтанд, вале аз ҳама қадбаландтаринашон багашта омад. Ин Акмал буд, ки ҳамон вақтҳо аллакай хеле машҳур буд, чун аҳволамро нақл кардам, ӯ маро ба хонааш овард ва гуфт ҳамсарам духтарча таваллуд кардаасту дар хонаи модараш аст. Ман се рӯз дар хонааш мондам ва баъд бо ёрии ӯ соҳиби хобгоҳу кор шудам, дар коллеҷи рассомӣ чанд соат дарс медодам. То чор-панҷсола шудани духтарам ӯ моро ёрмандӣ мекард, оҳиста-оҳиста дӯсташ доштам ва дигар натавонистам марди дигаро ба хонаи қалбам роҳ диҳам. Вақте аз занаш ҷудо шуд, ман дар Тоҷикистон набудам, то омадам, ки бо шумо оиладор шуд. Акнун бемор шуданашро шунида, мехоҳем ҳамроҳи духтарам ёрии худро ба ӯ расонем, аммо ӯ намехоҳад, чӣ бояд кард?!
Аҳмар ҳамин лаҳза тамоми гуноҳҳои шавҳарашро бахшид, вуҷудаш пур аз эҳсоси бузурги ифтихор гашт, ки умрашро сарфи хизмати як ҷавонмард кардааст! Ва бо ҳамон эҳсоси қаноатмандӣ ба Манзура гуфт:
-Апаҷон, ташаккури зиёд, ки намаки шавҳари маро пос ва ӯро дӯст медоред… Воқеан дар ин дунёи пури ноҷавонмард ишқи худро нисори ҷавонмарде намудан давлат аст. Аммо мо ба чизе муҳтоҷ нестем….
Манзура рафт ва Аҳмар бо ҳамон эҳсоси ифтихор аз пайи кораш шуд.