arzon replenishment
Подоши ҷавонмардӣ Қисми 1
18.08.2022
Дилошӯб
2437

 

                               Дар кӯчаи андешаҳо

Рассоми машҳур Акмал Алӣ, гоҳ хобу гоҳ бедор ба садои дар ошхона ҷунбуҷӯл кардани ҳамсараш гӯш дода, аз дилаш мегузаронд: «Бечора Аҳмар, дар зиндагӣ чизе надидӣ, ҷанги шаҳрвандӣ хонаи навбунёдатро вайрон кард. Бо тифлаки хурдсол танҳо мондӣ, ягона пушту паноҳат падарат низ ҷавон оламро падруд гуфт, бо умед ба ман ба шавҳар баромадӣ, аммо…

Ману ту ду дунё будем, ту як ҷавонзани деҳотии содда ва ман як марди дунёдида, чӣ қадар азоб кашидӣ бо ман, аммо тоқат кардӣ. Шояд маро дӯст ҳам намедоштӣ, охир ман ҳамсину соли падарат будам, боз ин қадар нозу нузе, ки доштам, бадмастиву маъшуқабозиҳоямро низ мебардоштӣ. Гоҳе исён мекардӣ, ҷанг мекардӣ, мегуфтиву мегиристӣ, вале боз муддатҳо хомӯш пайи хидмати ман будӣ…»

Андешаҳои рассомро омадани занаш, ки дар истаконе барояш шарбати анор оварда буд, канд. Аҳмар, истаконро ба гӯшаи миз гузошта, аввал дасту пойи бар асари бемории сактаи дил шахшудаи вайро каме маҳс кард ва ӯро аз ҷояш хезонда, шарбатро нӯшонд. Мард ташаккур гуфта, боз бо ёрии занаш сарашро ба болин монда буд, ки телефонаш занг зад. Аҳмар телефонро гирифта, ба шавҳараш дароз карду аз хона баромад, зеро Акмал Алӣ чунин қонуни нонавиштае дошт, ки ҳангоми бо телефон гап заданаш, бояд дар пешаш касе набошад. Рассом бо касе паст-паст хеле сӯҳбат кард ва баъд хонаро хомӯшӣ фаро гирифт. То хӯроки шом ду соат вақт буд. Аҳмар қарор дод то дафтари иншои шогирдонашро бисанҷад, зан нав ба дунёи зебои кӯдакон, ки андешаҳояшонро оид ба «Дӯст кист?» баён дошта буданд, ворид шуда буд, ки телефонаш занг зад.

                           Занги рақиб

Рӯйи тоблуи телефон рақамҳои ношинос рӯшан шуда буданд, Аҳмар гӯширо бардошт, аз он тараф овози гиряолуди зане бо ӯ авҳолпурсӣ кард. Зан бо лаҳҷаи мардуми Бухоро гап мезад ва баъди авҳолпурсӣ гуфт:

-Шумо шояд, ки маро нашиносед, ман Манзурахон, рафиқи кӯҳнаи Акмал мешавам. Аҳмар занро хуб шинохт, Манзура, маъшуқаи Акмал, ки шиносоияшон таърихи сисола дошт.

-Ҳа шинохтам,- гуфт зан ва Манзура идома дод,- медонед, акнун ҷойи рашку тоб не, Акмал бемор шудагӣ, ман як сол дар Амрико дар хонаи духтарам будам, нафаҳмида мондам, акнун шумо иҷозат диҳед, ки ман хизматаша кунам,- Аҳмар ҳайрон шуд ва ба ёдаш суханони як дугонааш омад, ки баъди марги шавҳари майхораву маъшуқабози ҷоҳилаш гуфта буд:-Э Аҳмарҷон, марди ганда баъди маргаш ҳам азобат медиҳад. Аҳмар, ки аз фарти инҷиқиҳои шавҳару кори зиёд асабҳояш хароб шуда буданд, худашро ба даст гирифта гуфт:

-Хонум, оё Акмал дар кӯча мондаасту ба хизмати шумо ниёз дорад?! Бале, писарони ӯ аз никоҳи аввал дар Олмон зиндагӣ мекунанд, аммо ман ҳастам, писарони ман ҳастанд, баъд ҳукумат ҳаст, ки рассоми машҳурашро хор шудан намемонад. Аз рӯзҳои аввали бемор шуданаш тамоми хароҷоти табобати ӯро Вазорати тандурустии кишвар ба зимма дорад. Шумо чиҳо мегӯед?!

-Хоҳарҷон, ман медонам, ҳозир ба худаш занг задам, ҳамин гапҳои шуморо гуфт, ҳатто даѓалона ба ман дигар кордор нашав гӯён, телефонашро кушт. Аммо ман ба воситаи як шинос телефони шуморо ёфтам.

-Ба мо ёрии ҳеҷ кас лозим нест, саломат бошед,- гуфт Аҳмар ва телефонашро кушт.

Дигар ба сари Аҳмар на иншо медаромаду на баҳо, ба хонаи дигар даромада, рӯйи кат дароз кашид ва ба ёдаш расид, ки чӣ тавр аз ҳамин Манзура Акмал барои ӯ ҷудо шуда буд.

                              Гунаҳгори бегуноҳ

Аҳмар баъди ҳашт соли қатли шавҳараш аз ҷониби ашхоси номаълум бо Акмал хонадор шуд, зеро ба манзараҳои кашидаи ӯ аз хурдӣ ошиқ буд ва худаш ҳам кам-кам рассомӣ мекард. Онҳо бо амри тасодуф дар маъракаи як дӯсти якҷояашон вохӯрданд ва оҳиста-оҳиста ба ҳам унс гирифтанд. Акмал аз зани пешинааш ҷудо шуда буду танҳо зиндагӣ мекард, нею нестони модараш, ки аз ин урусбашара некӣ намебарояд, як тараф монданду ӯ зани рассоми машҳур шуд. Тули ин солҳо чӣ қадар азобҳо кашид, худаш медонаду Худо, Аҳмар нишон надиҳад ҳам, дар паҳлӯяш гирифта гаштани ҳамсари ҷавону зебояшро хуш дошт. Аммо дар тамоми маҳфилу шабнишинӣ занон ӯро бо теѓи нигоҳашон мехӯрданд. Ѓайбатҳоро низ аз қафояш мешунид, ки мегуфтанд қишлоқии бало ба хотири хонаву дар ва боигарияш рассоми ҳамсоли падарашро гирифтааст. Аслан Акмал Алӣ сарватманд набуд, хайр зиндагии хуб дошт, зебо мепӯшид, хуб мехӯрд ва худашро сахт дӯст медошт, боқӣ ҳама оддӣ…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД