Commerc banl
Пневмония. Кӯдаконро дар фасли баҳор эҳтиёт кунед!
13

Баҳор зеботарин фасли сол ва айёми шукуфоист. Ин шабу рӯзҳо замин гӯё ҷони тоза меёбад ва пур аз сабзаву себарга гашта, ид болои ид меояд, вале бо сабаби якбора тағйир ёфтани боду ҳаво дар фасли баҳор ба осонӣ ба зуком, бронхит ва пневмония гирифтор шудан мумкин аст. Бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон мо бо табиби Маркази миллии тиббии “Шифобахш” Воҳид Мирзоев атрофи яке аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас-пневмония суҳбат оростем.

- Доктор, маъмулан дар фасли баҳор кӯдакон тез-тез шамол кашида ба зуком, сулфа ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки агар зукомро сари вақт табобат накунӣ, метавонад ба пневмония бурда расонад. Аз нигоҳи тиббӣ ин гап ягон асос дорад?

- Албатта дорад. Вақте ки кӯдакон ба зуком гирифтор мешаванд, аксар вақт падару модарон “хайр грип шудааст, 3-4 рӯз пас сиҳат мешавад” гӯён, нисбат ба саломатии фарзандашон бепарвоӣ зоҳир менамоянд, дар натиҷа табобат нагирифтан метавонад боиси ба дигар бемориҳо, аз ҷумла пневмония гирифтор гаштани кӯдак шавад.

- Аслан худи пневмония чи гуна беморӣ аст?

- Пневмония яке аз бемориҳои шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, бар асари он паренхимаи шуш ва сохторҳои функсионалии ҳамшафати системаи нафаскашӣ осеб мебинанд. Маъмулан пневмония дар кӯдакон бо заҳролудшавии умумии организм, баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, пайдошавии балғам ва вайрон шудани мубодилаи газ дар шушҳо зуҳур менамояд. Кӯдаки ба пневмония гирифторшударо аз дигар кӯдакон ҷудо нигоҳ доштан лозим аст, чунки ин беморӣ бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ аз бемор ба одамони солими дар гирду атроф буда гузашта метавонад.

- Аз рӯйи кадом нишонаҳои зоҳирӣ фаҳмидан мумкин аст, ки кӯдак ба пневмония гирифтор шудааст?

- Албатта ба пневмония гирифтор шудани кӯдакро табибон баъди гузаронидани ташхисҳои зарурӣ дақиқ менамоянд, вале нишонаҳои зерин аз ин беморӣ дарак дода метавонанд:

1. Паридани ранги рӯйи кӯдак.

2. Сустӣ ва беҳолию бемадорӣ.

3. Гум шудани иштиҳо.

4. Қай кардани ғизо ё шир.

5. Бехобӣ, нооромӣ ва бисёр гиря кардани кӯдак.

6. Душвории насафгирӣ.

7. Аввал пайдо шудани сулфаи хушк ва баъд балғамдор.

- Ҳолатҳое мешаванд, ки волидон бо вуҷуди бо чашми худ дидани ҳолати фарзандашон бо сабаби набудани шароити иқтисодӣ ё серкорӣ кӯдакро ба духтур намебаранд. Ин чи хатар дорад?

- Агар чунин аломатҳо дар кӯдак дида шаванд, вале бо вуҷуди ин, волидон ба духтур муроҷиат накунанд, ҳолати кӯдак метавонад вазнинтар шавад. Нишонаҳои вазнни шудани ҳолати кӯдак инҳоянд:

1. Пайдоиши дард дар қафаси сина.

2. Баландшавии ҳарорати бадан ва табларза.

3. Торафт душвортар шудани нафаскашии кӯдак.

4. Нолиш кардани кӯдак.

Сари вақт табобат накардани пневмония метавонад боиси норасоии кори шуш гашта, раванди табобатро душворгар ва тӯлонӣ гардонад ва ҳатто оқибатҳои ногуворро ба бор орад.

- Барои халосӣ аз ин беморӣ чи бояд кард?

- Пневмония яке аз бемориҳои шадиди сироятии роҳҳои нафас ба шумор рафта, ташхис ва табобати ҷиддиро талаб менамояд, бинобар ин, кӯдакро ҳатман ба назди табиби кӯдакона ё пулмонолог бурдан лозим аст. Табиб ҳолати кӯдакро дида, ташхиси ренгении шуш таъин мекунад ва дигар ташхисҳои заруриро анҷом дода, реҷаи табобатро муайян менамояд. Зарурати бистарӣ намудан дар бемористон вуҷуд дошта бошад, кӯдакро бистарӣ мекунанд.

- Баъзе падару модарон “мо имконият надорем” гӯён, аз бистарӣ кардани кӯдак даст мекашанд...

- Вақте ки кӯдак бе пневмоният гирифтор аст, волидон набояд аз бистарӣ кардан даст кашанд, чунки ин беморӣ табобати ҷиддиро талаб мекунад. Кӯдакони ба пневмония гирифторшуда баъди шифо ёфтан низ як муддат зери назорати табибон қарор мегиранд.

- Мегӯянд, ки ҳатто кӯдакони навзод ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Магар дар батни модар кӯдак аз пневмоният сироят меёбад?

- Бале, тифлакон ҳатто дар батни модар аз пневмония сироят ёфта метавонанд. Сабаби ҳанӯз дар батни модар ба пневмония гирифтор шудани тифл вируси герпеси навъи якум ва дуюм, ситомегаловирус, хламидаҳо, стрептококк, стафилококк ё чӯбчаи рӯда буда метавонад.

- Бемории пневмония дар кадом синну сол хатари бештар дорад?

-Дар гурӯҳи хатар тифлакони навзод ва кӯдакони синни томактабӣ қарор доранд, зеро бо сабаби ба пуррагӣ инкишоф наёфтани узвҳои роҳҳои нафас ва суст будани иммунитеташон ҷисмашон ба муқобили беморӣ ҳанӯз фаъолона мубориза бурда наметавонад.

- Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба падару модароне, ки фарзандашон ба ин беморӣ гирифтор гаштааст?

- Тавсияи ман ҳамин аст, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини пневмония ҳатман кӯдакро ба назди табиби кӯдакона ё пулмонолог бурда, аз ташхис гузаронанд ва аз паси табобат шаванд, зеро бепарвоӣ нисбати ин бемории шадиди сироятӣ оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад.

- Саломат бошед!

Мусоҳиб: Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД