Дар шаҳри Лиони Фаронса рекорди наве гузошта шуд, ки дӯстдорони питсаро бе тараф гузошта наметавонад. Ошпазони фаронсавӣ барои омода намудани як питса аз навъҳои гуногуни панир истифода бурда, рекорди ҷаҳонӣ ба даст оварданд. Барои омода намудани питсаи мазкур се сарошпаз заҳмат кашиданд. Питсаи булаҷаб бо истифода аз 834 навъи панир, ки рӯйи ҳам ба болои питса тунук карда шуд, омода гардид. Бояд гуфт, ки андозаи питса муқаррарӣ буда, барои омода намуданаш аз ҳар навъи панир ҳамагӣ 2 грамм истифода бурда шудааст.