Акнун Маҳмуд аз зиндагии худ мамнун буд. Ӯ ба ҳар чаҳор духтараш имконияти идома додани таҳсилро дода буд, аммо Фотимаву Заҳро дӯзандагиро интихоб карданд.
Ана имрӯз ба хонаи Султона хостгорҳо омоданд. Шавҳараш Маҳмуд мехост тезтар хушбахтии Малакро бинад ва имрӯз барвақттар аз кор баргашт.
- Малак, модарат куҷост?
-Дар хонаанд падарҷон.
Маҳмуд дар рӯи диван дароз кашидани Султонаро дида, хавотиромез пурсид:
- Ҳа, занак, тинҷӣ аст?
-Тинҷӣ. Фикр карда нашастаам.
- Дар бораи чӣ фирк мекунӣ?
-Ҳамснифатон-Воҳид барои писараш ба духтарамон хостгор фиристодааст.
- Хайр нағз-ку, Ҷобирро мешиносам, баччаи хуб аст.
- Ба духтаратон маъқул набудааст.
-Шояд ягон каси дигарро дӯстмедорад? Ту нагуфтӣ, ки дилат ба кӣ бошад, ба ҳамон медиҳем?
Ба Маҳмуд занги телефонӣ шуду сӯҳбати онҳо қатъ гашт. Пагоҳ боз хостгорҳо омаданд. Имрӯз холаи Қумрӣ, ки ба Воҳид хеш мешуд, барои Ҷобир ба хостгорӣ омада буд. "Ҷобир духтаратонро сахт дӯст доштааст. Вай гирам ҳаминро мегирам, нагирам аз дунё тоқ мегузарам мегӯяд." – гӯён, зориву тавалло мекард, ки хоҳишашонро рад накунанд.
Азбаски Султона ба ҳамсари Воҳид ризоият надода буд, ӯ Қумрихоларо ба хостгорӣ фиристодааст. Худи Воҳид дар Русия буд ва “насиб бошад, ҳамин ки ба ватан баргаштам, худам бо Маҳмуд сӯҳбат мекунам” гуфтааст.
-Ба писари Воҳид, Ҷобирҷон чаро духтаратонро намедиҳед? Вай баччаи хуб, соҳиби кор ва бо одобу бо тарбия аст-ку! Духтарро ҷойи хуб, ки баромад, зуд додан лозим. Ба ҳамсари Воҳид ҷавоби рад додаед. Бечора қариб гиря кунад. Султонаро касе розӣ карда натавонист гуфта, маро фиристод,-мегуфт кампир умедворона ба Султона нигариста.
- Ман духтарамро ба Ҷобир намедиҳам! Ба Маҷида гӯед, ки дигар овора шуда кас нафиристад,-қотеъона ҷавоб дод Султона.
Чеҳраи Қумрихола тағйир ёфта бо қаҳр гуфт:
- Эййй, ба моҳтоби осмон медиҳед?
- Ба моҳтоби осмон медиҳам ё ба дигар касс, ин кори ман аст. Вақте Малак ба дунё омад, касе хурсанд нашуда буд. Ман ӯро дар хонаи иҷора бо садҳо ранҷу азобҳо калон кардам. Касе гаҳвораи ӯро наҷунбонидааст. Ба Малак ҳатто ҳаққи шавҳарам ҳам нест. Акнун, ки гулбарин духтар шуд, дарамро охурча кардед,-паст наомад Султона.
Қумрихола ҳарфе назада ба ақибаш нигоҳ накарда баромада рафт.
Ин гапҳоро Маҳмуд замоне фаҳмид ки Воҳид аз Русия омада барои хостгорӣ ба пеши Маҳмуд омад ва ба дӯсташ гуфт:
-Ҷӯра ба гузашта салавот. Ҳар чизе, ки шуда буд, гузаштарафт. Ту наход як ҳамсарашро ба роҳ андохта натавонӣ?
- Духтарам ҳоло мехонад. Беҳтараш хостгор фиристоданро бас кун, ҷӯраҷон. Хайр, мисли ширеш часпидед, бечора занам дигар ҳам чӣ гӯяд...
-Агар пурсида равам, ба як бор розӣ мешудагӣ духтарҳо ҳаст. Киҳо орзу мекунад писари ман барин домодро,-аз гапҳои ҷӯрааш ранҷида, озурдахотирона гуфт Воҳид.
- Хайр ба хонаи ҳамонҳо рав. Духтари ман аз он хел духтарҳо нест, дӯстам.
Қариб буд, ки Маҳмуд ва Воҳид бо ҳамдигар ҷанг кунанд. Воҳид дар ин миён даст афшонда бадар рафт.
Маҳмуд дар ин бора ба Султона чизе нагуфт, зеро ба Малак ҳақ надоштанашро хуб медонист. Ӯ баъди ба дунё омадани ин духтар чӣ гапҳое нагуфта буд бечора ҳамсарашро. Мана баъди андак фурсат Худованд медодааст-ку...
ххххх
Духтари калонии Султона Гулой ду духтари дугоник дошт. Онҳо бо духтаронашон хушу хурсанд зиндагӣ мекарданд. Ин дам ӯро барои таваллуди кӯдаки саввум ба таваллудхона бурда буданд. Султона аз ин хабар ёфт. Пештар чанд бор Гулой барои муайян кардани ҷинсӣ кӯдак ҳаракат кард, аммо ба ин хусуру хушдоманаш розӣ нашуданд. Онҳо Худо чизе, ки диҳад, мегиред гуфта зид баромаданд. Султона, ки рӯзҳои вазнинро паси сар карда буд, забон мегазиду халос. Метарсид, ки духтараш боз духтарча таваллуд карда мисли худаш зери таънаву маломат намонад.
Ниҳоят кӯдак ба дунё омад. Хушдомани Гулой аз Султона шодиёна гирифт.
-Келинам писардор шуд қудо, писардор! Ҳолати модару кӯдак хуб аст.
-Маҳмуд ин гапро аз Султона фаҳмида хурсанд шуд, зеро барои писар шуда, азобҳои ба Султона додааш ҳамоно аз хотираш набаромада буданд.
Фотимаву Заҳро ҳам писар доштанд. Онҳо бо ҳам авсун ва хурсанд зиндагӣ мекарданд. Акнун масъалаи ба шавҳар додани чаҳорумин духтар-Малак ба миён омада, падару модар ҳайрон буданд, ки духтарашонро, ки худаш як гул, вале сад харидор дошт, ба кадоме аз хостгорон диҳанд.
ххххх
Малак аз донишгоҳ саросема баромад, ки мошине бо тормузи сахт наздаш истод. Ронанда бародари дугонааш Мироншоҳ буд.
- Шин ба хонаат мебарам.
- Раҳмат, худам меравам.
- Шин, шарм надор. Бо ҳамин баҳона роҳи хонаатро мебинам. -Ту гуфтани Мироншоҳ бас набуд, ки боз роҳи хонаатро мебинам ҳам гуфт. Ин чиз ба Малак нафорид ва чеҳрааш аз шарм сурх гашт. Вай рӯяшро чаппа карда ба таксие нишаст. Дилаш сахт метапид. Чанд вақт пеш Ҷобир ҳам ҳамин гуна пеши роҳашро гирифта буд. Аммо Мироншоҳ чаро ин тавр кард?...
(Давом дорад)