Arzon march 2024
Писармӯҳтоҷ (қисми 4)
3528

- Агар писар таваллуд карда деҳ нагӯед, ба хона бармегардам, аммо боз писардор нашудӣ гуфта таъна мезада бошед, беҳтараш ба ҳамон Малоҳат оиладор шудан гиред. Аз ҳолу аҳволи духтаронатон гоҳ-гоҳ хабар гиред шуд,-шарт гузошт ҷавонзан.

Бо ҳамин Маҳмуд аз назди Султона лом нагуфта бадар рафт. Вай барои бо Малоҳат оиладор шудан қарор кард, лекин дар байни мардум овозаи гарм шудани Маҳмуд бо Султона паҳн шуда буд. Рӯзе духтари холаи Маҳмуд назди Султона омада "Пеши роҳи онҳоро нагир! Маҳмуд писардор шудан мехоҳад" -гуфт таънаомез. Султона ҳам дар ҷавоб бо қаҳр "Ин гапҳоятро рафта ба Маҳмуд гӯй" -гуфту духтаракро аз хона берун кард.

Султона мехост тариқи телефон бо Маҳмуд ҷанг карда, буғзи дилашро кафонад, лекин ҳомиладор шуданашро фаҳмида аз хурсандӣ қариб буд шодикаф шавад. Ӯ ин хабарро ба Маҳмуд расонд. Ҳар ду ба қароре омаданд, ки дар бобати ҳомила будани Султона ба касе ҳарфе намезананд. Маҳмуд ҳам пас аз панҷ моҳи дигар омаданашро гуфт.

Султона дарун-дарун мешукуфт, зеро ин умеде буд барои боз бо шавҳараш якҷоя зиндагӣ кардан, ғайр аз ин нишонаҳои ҳомиладорияш нисбат аз ҳомиладриҳои қаблияш куллан фарқ доштанд.

Маҳмуд хурсанд шуда, акнун бо умед ба Султона тез-тез пул мефиристод.

ххххххх

Ниҳоят кӯдаки дар батни Султона буда шашмоҳа шуд. Дар ин миён Маҳмуд аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашт ва зану шавҳар ба наздиктарин беморхона барои муайян кардани ҷинсӣ кӯдак рафтанд. Духтур бо дастгоҳи "УЗИ" Султонаро ташхис намуда, баъд маънидорона ба вай нигариста пурсид:

-Шумо духтар доред?

Бо шунидани ин савол аз сари Султонаву Маҳмуд як сатил оби сард рехтагӣ барин шуд. Ҳар дуро ҳам арақи сарде фаро гирифт. Султона базӯр овозашро баровард:

- Бале, чор духтар дорам ва бо онҳо шукр мекунам.

-Ин тавр бошад, табрик мекунам. Акнун писардор мешавед. Кани шодиёна диҳед...

Маҳмуд аз ҷояш хеста аз хурсандӣ дод гуфта фиристод.

Онҳо ба духтур шодиёна дода бармаданд.
-Акнун ба хона ҳатман бармегардӣ!-бо лабханд гуфт Маҳмуд.

Султона то ҳол боварӣ надошт, ки писар таваллуд мекунад, аз ҳаимн хотир дар ҷавоб андешамандона гуфт:

-Ман баъди аз таваллудхона баромадан ба хона бармегардам.

ххххх

Ниҳоят интизории хонадони ба писар мӯҳтоҷ пён ёфт. Кӯдаки Султонаро духтурон ба воситаи ҷарроҳӣ гирифтанд. Вақте Султона ба ҳуш омад, аз ҳамшера гиряомез пурсид:

- Духтурҷон, кӯдакам, кӯдакам...

-Табрик мекунам Шумо писардор шудед. Шавҳаратон аз хурсандии зиёд ҳамаро пулборон кард,-хабар расонд ҳамшира.

Хурсандии Маҳмуд ҳадду канор надошт. Ин дафъа вай худаш бо гулу гулдаста ва тӯҳфаҳои рангоранги зиёд ҳамсарашро аз таваллудхона бурд.

Аз лабони хусуру хушдоманаш ҳам табассум канда намешуд. Султона тамоми нафароне, ки ӯро таҳқир мекарданд, бахшид, вале баъди ду моҳа шудани кӯдак тасдуфан Малоҳатро диду ҳамон гуфтааш (писар, ки таваллуд намекунад, барои дигар зан ҷояшро холи кунад) пеши назараш омад. Вай дар дил “Ана дидӣ, ман ҳам писардор шудам” гӯён, ба Малоҳат нигоҳи сарде афканда аз наздаш гузашта рафт.

Ӯ акнун бо сари баланд мегашт. Дигар ба чашмони хусуру хушдоманаш ҳам бе ибо менигарист. Умуман вақтҳои охир рафтораш тағйир ёфта буд. Маҳмуд ҳам ин чизро пайхас мекард, аммо аз кору гапҳои гуфтааш сахт пушаймон буд...

Авсунаш Нафиса бошад, то ҳол аз аспи ғурур нафаромада ҳамоно бо кибр мегашт. Авусуни хурдии Султона, ки ду писар дошт, боре ба ӯ нигариста гуфт:

- Ман ҳам Илоҳо Малак барин духтардор шавам буд. Бениҳоят ҳамин духтаратон ба ман маъқул аст.

Нафиса ба сӯҳбати онҳо гӯш андохта, писханд зад:

-Султона духтари бисёр дорад, те гӯед, якташро ҳамту ҳам медиҳад.

-Ман ин духтарҳоро аз кӯча наовардаам. Ҷонамро ба гарав гузошта таваллуд кардаам. Ва ягон духтарамро ба хироҷи бузургтарин давлат иваз намекунам. - Ба рӯйи Нафиса нигоҳи сарде афканда гуфт дар ҷавоб Султона.

Авусуни хурдӣ, Райҳона аз гапи Нафиса хиҷолат кашида гуфт:

-Рост-дия, гул барин духтарро кӣ ба касе медодааст?! Хушдоманаш ба сӯҳбати онҳо ҳамроҳ шуда “барои зан духтар доштан ҳатмист. Бемор мешавӣ ё дар пирӣ азоб мекашӣ, н вақт фақат духтар ба дардат даво мешавад. Келин як бор бе миннат хизмататро мекунад, ду бр мекунад, вале баъд аз ту безор мешавад, аммо духтар бо ҷону дил хизмати модарро мекунад” гуфта монд...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД