Аз байн як сол гузашт. Бародари Султона барои хоҳараш дар наздикии хонаи худ 4 сотих замин гирифт.
Сари Султона аз ин ҳиммати бародараш ба осмон расид, чунки акнун духтаронаш калон шуда, супоридани иҷорапулӣ барояш вазнини мекард. Ҷавонзан умедашро аз шавҳараш тамоман канда буд, зеро дар байни мардум овозае паҳн шуд, ки Маҳмуд баъди аз Русия омадан бо хешашон Малоҳат, ки бо як писар бева мондааст, оила барпо мекунад.
ххххх
Рӯзе дар арафаи соли нав Маҳмуд ба хонаи навбунёди Султона омад. Ӯ дар тан либоси Бобои барфӣ дошт ва ҳамсарашро дида мағрурона "барои дидани духтаронам омадам" гуфт. Султона ба ин кори шавҳараш зид набаромад, зеро кӯдаконаш ҳар лаҳза ёди падар мекарданд, Фотимаю Заҳро бошанд, кайҳо чеҳраи падарашонро фаромӯш карда буданд.
Маҳмуд Малакро пурсон шуд, лекин Султона духтрачаи хурдиашро ба вай нишон надод. Маҳмуд сахт ранҷида "дафъаи дигар духтаронамро ба сайругашт мебарам"-гӯён баромада рафт.
Султона бо шавҳараш ҳатто хайру хуш накарда ба ошхона даромад ва аз паси кору бори худаш шуд.
ххххх
Маҳмуд тибқи ваъда баъди ду рӯз духтаронашро ба сайругашт бурд, вале ин бор ҳам Малакро надид. Вақте фарзандонаш аз тамошо омаданд, он қадар хушҳолу болидарӯҳ буданд, ки ин манзараро дида, дили Султона аз фараҳ лабрез гашт. Вай умед бар он баст, ки кош мисли пештара боз бо ҳам якҷоя зиндагӣ кунанд...
ххххх
Баъди ду рӯз боз Маҳмуд дар пушти дари Султона пайдо шуд. Ҷавонзан дар хона набудани духтаронашро гуфту хост дарро пӯшад, вале Маҳмуд зӯран ба хона даромад. Султона ба вай заррае ҳам аҳамият надода, ҷониби ошхона равон шуд.
-Ман рӯзҳои наздик боз ба муҳоҷират рафтаниам, агар нусхаи нишсномаатро диҳӣ, пул равон мекунам,-арзи матлаб намуд Маҳмуд.
-Ба ман пулатон лозим нест, агар хоҳед аз ҳоли фарзандонатон хабар гиред, ман зид нестам. Гуфтагӣ барин, пулатонро ҷамъ кунед, барои оиладор шуданатон ба кор меояд.
- Кӣ гуфт, ки ман оиладор мешавам?-бо ғазаб пурсид Маҳмуд.
- Одамон.
-Одамон ҳарчӣ мегӯянд азизам,-Маҳмуд инро гуфту китфони Султонаро маҳкам оғӯш кард.
- Девона шудед? Ин ҷо ошхона аст!
-Ошхона бошад, чи шудааст?! Зани бегона не, завҷаи худам ё ту маро ёд накардӣ?!
Ҳамин замон садои гиряи кӯдак баланд шуд ва Султона зуд либосашро ба тартиб дароварда ба хона даромад.
Султона ба хона даромада дид, ки духтарчааш шояд ягон хоб дида, овоз баровардаасту боз хобаш бурдааст. Маҳмуд аз паси ӯ ба хона даромад ва боз ба Султона часпид. Ҳамин тавр бӯсу канори онҳо дар болои ҷойгаҳ идома ёфт...
ххххх
Саҳар духтарони Султонаро бародараш овард. Барои он ки бардараш Маҳмудро набинад, дар хонае, ки Малак хоб буд, пинҳон шуд, вале тағои духтаракон “корам бисёр аст” гӯён, ба хона надаромада, кӯдаконро аз дами дар ба дасти модарашон супуорида рафт.
Садои шав-шуви духтаракон мисли гунҷишкакон дар ҳавлӣ баланд шуд. Ҳамин дам Маҳмуд, Малакро бардошта аз хона баромад. Бале. ӯ бори аввал кӯдакашро ҳамчун падар ба даст гирифта буд.
Султона аз сидқи дил мехост, ки боз аз нав як оила шаванд. Вай ин дам дар дил ба ҳафт пушти нафароне, ки байни онҳо низоъ меандохтанд, лаънат мегуфт.
ххххх
Чанд рӯз пеш Султона ҳамсояашон Сороро дар мағоза дида буд. Ин зани шаттоҳ даррав ба Султона хабари шумеро расонида гуфт
Дирӯз хушдоманатонро дида будам. Гуфтанд, ки ҷиянашон Малоҳатро ба Маҳмуд фотиҳа кардаанд. Барои чӣ, охир шояд келинатон боз гашта биёяд. Писар таваллуд накунад ҳам, хизмататонро карда мегашт-ку гӯям, гуфтанд, ки шумо дигар бо Маҳмуд зиндагӣ кардан намехостаед. Рост аст, ки дигар бо шавҳаратон оштӣ крадан намехоҳед?
Султона ба қаҳр ба рӯйи Соро нигоҳ карда гуфт:
- Гӯш кунед, бе ин ҳам кори зиёд дорам. Барои ғайбататонро гӯш кардан, вақт надорам!
"Писар таваллуд накунад ҳам" гуфтани Соро ба дили Султона мисли ханҷар сахт расида буд ва рӯяшро гардонда рафт.
ххххх
Маҳмуд боз ба хонаи Султона омад ва нияти пас аз як ҳафта ба муҳоҷират рафтанашро гуфт. Ҷавонзан аз рафторҳои охири шавҳараш ҳайрон мешуд.
-Шумо чӣ ният доред? Ман ба хотири фарзандонам шуда ба ҳамааш сабр мекунам, вале бо Малоҳат оиладор шавед, магар вай ба ин коратон, яъне ба рафту омадатон бо ман сабр карда метавонад?
-Ин қадар Малоҳат мегӯйӣ! Кӣ гуфт, ки ман бо вай оиладор мешавам?! Ё рашк мебарӣ?
-Барои рашк кардан дӯст доштан лозим, ман бошам, ҳар коре, ки мекунам, баҳри духтаронам мекунам. - Султона ин гапҳоро гуфту ба ошхона рафт.
Маҳмуд пеш аз ин сафараш дар кишвари рус бо Фирӯза ном ҳамшаҳриаш, ки бева монда буд, оила барпо кард, аммо вай мисли Султона дидадаро набуд. Гуфтаҳои Маҳмудро дилу нодилон иҷро мекард. Баъди ҳомиладор шуданаш тамоман бо баҳонаи бемор будан корҳои хонаро намекард, вале дар чормоҳагӣ худ аз худ кӯдак дар батнаш мурд. Духтуроне, ки тифли батни Фирӯзаро исқоти ҳамл намуданд, гуфтанд, ки тифлак писарча будааст, вале ба ин нигоҳ накарда, Маҳмуд талоқи Фирӯзаро дод, зеро ӯ мисли Султона зани пурбардошт набуд.
Аз ҳамин хотир Маҳмуд боз назди Султона омад, зеро дилаш намехост, ки бо Малоҳат оиладор шавад. Як бор бо дигар зан зиндагӣ карда Маҳмуд аллакай дарк крада буд, ки на ҳамаи занҳо мисли ҳамсари худаш вафодор ва пурбардошт будаанд. Ахиран Маҳмуд охирон рӯзи ба сафар баромаданаш боз назди Султона мада гуфт:
-Султона, илтимос, ба хона рав, ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)