Arzon march 2024
Писармӯҳтоҷ
4192

Султона хостгорони ба духтараш омадаро гусел карда бошад ҳам, ҳанӯз дар гирдоби хаёл дар сари дастурхон ба як нуқта чашм дӯхта менишаст.

Духтарчаи хурдияш омадани апаашро фаҳмида ба сӯйи дар давид. Малак чеҳраи ошуфтаи модарашро дида пурсид:
- Ҳа модарҷон, ба Шумо чӣ шуд? Ғамгин менамоед?
- Ғамгин нестам духтарам, фикр карда истодаам.
- Дар бораи чӣ фикр мекунед?
-Дар бораи ту. Хостгорон сарамро гиҷ карданд...
Малак ҷавобе надода ба ғундоштани дастурхон сар кард.
-Духтарам ту тез-тез корҳоятро шаву наздам биё. Як модару духтар сӯҳбат кунем, -Султона ин гапро гуфту ба хонааш даромад.
Вай сарашро рӯйи болишт гузошту ва беихтиёр саҳфаҳои китоби умраш варақгардон шуданд...
хххххххх
Султона тахминан 20-сол қабл Маҳмудро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат оила барпо намуда буд. Маҳмуд он замон дар ташкилоте ҳамчун матахассиси компютер фаъолият мебурд, Султона бошад, дар яке аз беморхонаҳои шаҳр ҳамшераи шафқат шуда кор мекард. Зану шавҳари ҷавон бо муҳаббат оиладор шуда, аввалҳо нисбати ҳамдигар бисёр меҳрубон ва бениҳоят хушбахт буданд. Зиндагиашон то се сола шудани духтарчааш ва таваллуд шудани дугоникҳо бисёр ширин буд, вале баъди соҳиби се духтар шуданашон натанҳо муносибати шавҳар, балки хусуру хушдоманаш ҳам ба вай тағйир ёфт. Кӣ медонад, шояд ба ин таънаву маломати пардадору бепардаи одамон ҳам сабаб шуд.
Хуллас, шавҳараш дугоникҳо як сола нашуда шавҳараш бо қаҳру ароз "ба ман писар таваллуд мекунӣ" гӯён, ҷнашро ба балаш меовардагӣ шуд. Баъди муддате Султона боз ҳомила шуд, акнун фаҳмидани ҷинси кӯдак аз ҳаққу ҳамсоя сар карда, то ба хешу табори дуру наздик бари ҳама хеле шавқовар буд. Аз ҳама аламовараш барои Султона кинояҳои ҳамсояаш Соро буд. Вай пас аз он ки келинаш сеюмин писарро ба дунё овард, гӯё худаш таваллуд карда бошад, дар маҳалла ба касе имкони гап задан надода, чунон бо такаббур ҳарф мезад, ки ногуфтанӣ. Соро ҳар гоҳ Султонаро бинад дар бобати писардор шудани келинаш ҳарф мезад. Султонаи бечора аз тарси неши забони заҳрогини ин занихудпараст ва таънаи мардум дигар ба кӯча ҳам намебаромад, аммо гоҳ-гоҳ хушдоманаш бо киноя гуфтаҳои Сороро ба Султона мерасонд. Султона бо сари хам ба ин суханон гӯш дода, ҳамеша таънаву маломати мардумро хомӯшона фурӯ мебурд.
Вақте Фотимаву Зӯҳро бозӣ карда, замин побел мекарданд, хусураш онҳоро ҷанг карда бо ғумбат мегуфт: “Ин тараф гузар. Духтар побел карданро аз куҷо медонад! Аз Шумоён кӣ ҳам баҳра бурда метавнад...”
Вақте ки мӯйсафед бо кӯдакон ситезакунон бо чашмони пуркин ба келинаш менигарист, дар чашмони Султона ашк ҳалқа мезад ва дар дил ба худо муноҷот мекард: “Парвардигор! Ман ба ягон неъмати додаи ту ношукрӣ накардаам, вале аз ту илтиҷо мекунам, ҳамин кӯдаки дар батнам бударо писар кун, то ҷонам оқибат аз таънаву маломати мардум халос шавад!”
Султона ҳарчанд медонист, ки кӯдаки батнаш духтар аст, аммо бо ҳазор умед ба Худованд илтиҷо мекард, ки ӯро соҳиби писар ва аз заҳри забони шавҳару хусуру хушдоман ва аҳли маҳалла халос кунад.
Боз як дилозори дигар, ки ҳамеша Султонаро гирён мекард, писари апаи хушдоманаш Норшод-Алибек буд. Худи Норшод зани бениҳоят боадаб буд ва доимо “Худо, ки духтарро дод, писарро ҳам медиҳад. Келинҷон, ғам нахӯред, ин духтарон ба воя расида, фардо мададгоратон мешаванд. Шавҳар кунанд ҳам, ҳамеша ба ёди Шумо мешаванд” гуфта, Султонаро дилбардорӣ мекард, вале писараш Алибек, ки соҳиби ду писар буда, дар ҷойи калон кор мекард, калон гап заданро дӯст медошт. Ин ҷавони беандеша борҳо дар назди ҷӯраҳояш шавҳари Султонаро мазоқу масхара карда ба ҳолаш механдид ва дар чунин лаҳзаҳо Маҳмуд мехост, ки замин кафида ӯро ба комаш фурӯ барад. Мард аламашро аз занаш мегирифт ва ба хона омадан пас "Ту ба ман писар таваллуд накардӣ" гӯён, ҷангу ҷанҷол мебардошт.
хххххх

Фируза редактор тсел, [04.03.2022 17:29]
Нафиса, авусуни Султона, ки ӯро аз овони мактабхонӣ бад медид, чаҳорумин писарро ҳам ба дунё овард ва ин обрӯйи ӯро боз як зина бардошта, мақоми Султонаро дар оила як зинаи дигар пён фаровард. Маҳмудр аз ин ҳол хӯриаш меомад. Ӯ ба занаш нигариста ҳасрат мекард: “дидӣ, янгаам чаҳор писар таваллуд кард, ту боши ақалан як писар таваллуд накардӣ. Ҳамин кӯдаки батнатро ҳам духтар таваллуд карда маро накунӣ шуд!”
Ин гапҳо дили Султонаро реш накарда намемонданд ва Султона доимо ба Худо илтиҷо мекард, ки фарзанди батнаш писар шавад, аммо ин бор ҳам духтар таваллуд кард...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД