Arzon march 2024
Писари шайтон Қисми 3
1966

 -Майлаш.Баъди як хафта Хасан ба чойи Хусайн ба Русия парвоз кард. Дар фурудгохи хавои мухофизи Хусайн уро аллакай интизор буд. Баъди салом алейк у гуфт, ки «ака, бехтараш намеомади, туро чеченихо кофта гаштаанд. Зинда монданат ба гумон аст.

-Ман гайр аз Худо аз касе наметарсам. Парво накун.

Рафтори хубу нарми Хасан мухофизашро хайрон карда буд. Охир Хусайн ягон бор Худо намегуфту шукр хам аз чизе намекард. Доимо аз забонаш дашному хакорат мекард. Мухофизаш аз дил гузаронид, ки шояд Хусайн дар ватан наздиконашро дида рафтораш дигар шуда бошад.

-Ака, дар Русия мафияи аз хама сахттарин чеченихо мебошанд, акнун ту чи кор мекуни?

-Ман ба тичорати худам машгул мешавам.

-Кадом тичорат, ака, лекин латифаи хуб гуфти.

Ин суханони чавони мухофиз Хасанро хайрон кард. Охир , Хусайн гуфта буд, ки у дар Самара ба тичорати мевахои экзотики машгул аст.

….Аз ин бармеояд, ки ин тичорат умуман вучуд надорад. Пас, савол ба миён меояд, ки додари ман дар ин чо то ин вакт дар кучо кор мекард.

-Номи ту ба фикрам Туйчи буд а?

-Бале, шеф, аз ёдат баромад чї?

-Не, набаромадааст.Аммо хастагии рохи дур маро фаромушхотир кардааст. Мухофизаш нобоварона ба руйи у нигох кард. Хамон чашмону хамон абрувон, аммо нигох, нигохт Хусайни золим набуд. Чашмони Хасан фарогири мехру садокат буд.

Туйчи аз дил гузаронид, ки «чаро ин марди золиму хунхор тагйир ёфта бошад? Сабаб чи бошад? Чаро мисли хардаъфаина дод намезанад. Маро мушт намефарорад.Ё шояд мафияи чеченихо тарсида ба ин хол фитода бошад»

Хасан ба хучраи Хусайн даромада, акси Аслияро дид.

-Инаш ки бошад?

Мухофиз ба акси Аслия нигариста гуфт:

-Ин янга асту нашинохтед?

-Чи тавр?

-Охир хамаи чангу чанчолхо аз руйи янга руй дод ку. Ин зан хамсаратон мебошад.

-Пас, у холо кучост?

-Тавба, зани шумову маро мепурсед?

-Медони, каме бемор шудам, бисёр чизхо аз ёдам рафтааст.

-Ин хел шуданаш мумкин нест, шеф, охир хонум Аслия хамсари шумо аст. Шумо падари уро ба катл расондед. Акнун дигар аз наздикони у халоси надоред. Ин мафияи чеченихо хатто дар чахон машхур мебошад.

Хасан акнун пушаймон шуд, ки чаро ба гапи Хусайн бовар карду ба Русия омад. Охир падари рахматиаш вакти маргаш зорияш кард, ки ба Хусайн харгиз бовар накунд. Акнун такдири у чи хохад шуд. Хасан накша кашид, ки субхи дигар чипта харида гашта ба ватан меравад.

Аммо, шабону садои тирпарони баланд шуду уро шахсони никобдор бо тапончахо даромада муште ба сараш фароварда ба як колин уро печонида, ба мошин бор карданд. Вакте, ки ба хуш омад, болои сараш Аслия ва наздикони падари уро дид.

-Ха, номард, хушёр шуди?

-ХонумАслия шумо?

-Эхе, боз худатро нодонак мегири?

-Гуш кунед, маро то ба охир. Ана, баъд маро кушед, хам майлаш, ман розиам.

-Ту рози боши, набоши, ки ман барои марги падарам аз ту касос мегирам.

-Гуш кунед, ман на онам ки шумо фикр мекунед. Ман бародари дугоники Хусайн хастам.

-Боз ин афсона аз кучо?

-Ман боз касам мехурам, ки Хусайн бародари экизаки ман асту ман бошам Хасанам.

-Бо чи инро исбот мекуни?

-Ана, акс.

Хасан аз телефон акси худашу хамсарашро ба онхо нишон дода, дар дигар чой акси Хусайнро бо маъшукааш ки сабт карда буд, нишон дод.

-Ин факту далел шуда наметавонад.

-Агар бовар накунед, хозир ба Точикистон равед, он чо Хусайнро меёбед.

-Бовар надорем.

Вале, ин лахза ба ёди Аслия расид, ки хангоми аввалин бор шинос шудан Хусайн накл карда буд, ки дар ватанаш додари экизак дорад. Хатто таъриф карда буд, ки агар гунохи зиштеро у содир намояд, айбро ба сари додараш мезаданд.

-Истед, ба бародарзодахояш ишора карда гуфт Аслия.

-Ба фикрам, ин чавон рост мегуяд. Биёед мо хам накшаи худро фикр карда ин шайтонро чазои сазовор медихем.

Онхо   маслихат карданд, ки Аслия бо бародарзодаи калониаш хамрохи Хасан ба Точикистон сафар мекунанду аз он чо бо тахдиду зури Хусайнро ба Русия оварда чазояшро медиханд.

Хасан бо онхо ба ватан омад. Аммо дилаш хичилу гамгин буд. Охир ба хар хол Хусайн чону чигараш буд. Медонист, ки окибати Хусайн факат марг аст. Аслия бо бародарзодааш маслихат карданд, ки аввал Хасан ба хонаашон раваду баъд онхо шабона ба он чо ташриф бубаранд. Вакте, ки Хасан ба хона омад, бародарашро наёфт. Хусайн аз омадани Хасану Аслия кайхо таввасути мухофизи дар Русия будааш огахи ёфта, хонаи бародарро горат карда гурехта рафта буд. Хасан ба Аслия ва бародарзодаи у хакикатро гуфт. Аслия дарк кард, ки ин даъфа хам тирашон хок хурд. Онхо як рузи дигар дар Точикистон монда сипас ба Русия баргаштанд.Хусайн пулхои барои туйи писаронаш чамъ кардаи Хасанро ки дуздида буд, маишат карда як мох гашт. Аз шахри Кемерово ба шахри Тверь омад. Аммо бародарзодахои Аслия ки дар кофтукоби у буданд, нишонии уро ёфта шабона омада бо маъшукааш дар хонаи ичорааш вахшиёна ба катл расониданд. Хатто часади уро оташ зада баромада рафтанд. Хабари марги Хусайнро   мухофизи у ба Хасан занг зада расонид.

Окибати бади хамин аст-мегуфтанд байни худ хешу таборони Хусайн

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД