Модар дар бистари марг карор дошту чашмонаш ба дари хона, ки ана хозир писарам. Умеду интизори намегузошт, ки чон ба чонофарин супорад. Хасан болои сараш рост истода, нолаву фигон мекард:
-Очачон, моро тарк накунед. Бе шумо ман хеч касам. Падарчонам рафту маро танхо шумо бо азоб калон кардед.
-Писарам, мурдан барои хар як инсон карз аст. Ту факат гиря накун. Ба чойи гиряву нола аз Куръон сура хонда ба рухи ман дуою фотиха фирист.
-Ох, ољачони ширинам, тамоми буду шудамро нисорат кардам, аммо ба дарди бедавоят даво наёфтам.
-Такдир бачам,такдир. Худатро эхтиёт кун. Бо бародарат Хусайн ошти кун, бачам. Ваъда дех, ки ӯро ба ватан бармегардони. Ин охирин васияти ман аст-ин дам хик-хик кунон чони модар аз танаш баромад. Муллои деха манахашро басту пилки чашмони ӯро пушид.
Хасан иродаашро ба даст гирифта, аз паси гуру чуби модар шуд. Марги модар барояш фочеа буд. Дар ин дунёи бевафо гайри модар дигар дилсузу мутаккое надошт. Чанде пештар хамсари азизу зебояш ба дарди саратон гирифтор шуда ин дунёро бо дили пурармон тарк карда буд. Акнун модари мехрубонаш хам уро тарк намуд.
Хасан як додари экизак дошт,ки аз одаму одамгари садхо фарсанг дур буд. Давраи наврасиашон одамони онхоро мешинохтаги даст ба гиребон бурда мегуфтанд:«худоё, ин хел хам мешудааст, ки аз як шикам дугоникхо ба дунё омада зоњинран монанд њам бошанд, хислатњои гуногун доранд»
Хусайн чунон бадрафтору бадахлок буд, ки аз зишткорихояш муаллимону хамсояхо ба дод омада ӯро «писари шайтон» мегуфтанд, Хасан баръакс бачаи оромтабиат ва хоксор буд. Вай ҳамеша дар дарсхо фаъолона иштирок карда бахои панч мегирифт.
Хасану Хусайн зохиран хеч фаркияте надоштанд, вале модар онхоро садо кунад, Хасан лаббай мегуфту Хусайн “уфф, безор карди” гӯён, дод мезад.
Модар харду писарашро баробари чонаш дӯст медошт, вале падар хислатхои бади Њусайнро дида ба ӯ кариб ки ахамият намедод. Тамоми мухаббаташро ба Хасан равона сохта буд.
Хусайн аз хурдиаш бо Хасан чанг мекарду уро мезад. Хасан бошад хеч гох ба Хусайн даст намебардошт.
Хусайн болои дарахти хамсоя баромада олучахои онхоро медуздид, ҳатто боре мурги хамсояро кушта партофта буд. Модар танҳо ӯро каме танбеҳ медод, вале падар ба ғазаб омада бо тасмаи шимаш мезад. Хасан баъди задани падараш якбора бадхӯйтар гашта, дигар ба касе гардан намедод. Рафтору кирдораш руз аз руз бадтар мешуду беҳ не. Модар гоҳо дар танхои нишаста андеша мекард, ки чаро Хусайн дигар асту Хасан дигар. Борхо бо Хусайн нишаста дар ин хусус сухбат кард, аммо насихатхои модар аз як гуши Хусайн даромада аз дигараш мебаромаданд.
Мегӯнд, ки фарзанд душмани ширини инсон аст, Хусайн хам барои модар доимо мушкилот пеш меовард. Муаллимон мачлиси падару модарон гузаронида, ҳамеша аз вай шикоят мекарданд ва мегуфтанд, ки писари дуввумтонро аз мактаб пеш мекунем, ахлоки бад дорад. Боре духтари хамсинфашро бо шатта зада, пулхои уро аз сумкааш медуздад. Модари ин духтарак ки дар суди нохия кор мекард, падару модари ӯро ба суд дод. Падар дигар сабрашро аз даст дода, Хусайнро дар хона мушту лагадборон кард. Хусайн дасти падарро дошта дод зад, ки агар ин даъфа занӣ , мекушамат. Падар якбора оташ гирифта, аз гулӯи ӯ дошта фарёд зад:«Ман чунин фарзанди шайтонсифатро худам буғӣ карда кушам, бехтар аст».
Хусайн падарашро чолокона ба замин хобонида бо лагад якчанд маротиба ба шикаму миёнаш зад.
Модараш ва Ҳасан давида омада онхоро аз хам чудо карданд, вале баъди ин зарбахои сахт падар дигар аз бистар нахесту дуои бадкунон дунёро тарк намуд.
Хусайн баъди падарашро лату кӯб кардан аз хона гурехта рафту дигар барнагашт. Модар ба кормандони шуъбаи милиса ариза навишта хохиш кард, ки писарашро ёфта баргардонанд, вале чустучуйхо натичае надоданд. Хусайн кайхо гурехта ба Русия рафта буд ва мисли худаш дуздбачахоро ёфта дар вокзали рохи охани шахри Маскав оворагардӣ мекард. Аз ягон кори бад рўй намегардонид. Дар Маскав вай байни бачахои оворагард бо лакаби «Хусайн шайтан» маъруф буд.
Хасан бошад мактабро бо нишони тилло хатм карда ба Донишкадаи тичорат дохил шуда, аллакай дар курси саввум магозаи шахсии худро кушод. Падар дами маргаш уро хуб дуои нек дода гуфт, ки харгиз Хусайнро ба ватан, ба хона барнагардонад, чунки ин писари шайтон метавонад хаёти уро сузонад.
Давом дорад