Писари раиси ноҳияи Ҳамадонӣ хизмати ҳарбиро ба анҷом расонд
Шаҳриёр Набиев, писари Набизода Фаррухиддин, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба назди пайвандонаш баргашт.
Тавре маълум аст, Набизода Фаррухиддин, ки қаблан роҳбарии ноҳияи Ховалингро ба уҳда дошт, писари калонии худро баъди хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода буд.
Шаҳриёр Набиев хизмати ҳарбиро дар Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намуда, пас аз анҷоми муҳлати хизмат ба хона баргашт.
Хизмати ҳарбӣ яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар як ҷавон буда, дар тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ, интизом ва садоқат ба Ватан нақши муҳим дорад.
Бозгашти Шаҳриёр ба назди хонавода барои пайвандонаш рӯйдоди фараҳбахш буда, анҷоми хизмати ҳарбӣ оғози марҳилаи нави зиндагии ӯ ба шумор меравад.