Arzon march 2024
Писари падаркушро 20-сол зиндон карданд!
817

Кушторҳои оилавӣ солҳои охир дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Шавҳар қасди ҷони зан мекунад, келин хушдоману ӯ келинро аз байн мебаранд, бародар бо бародару хоҳар бо хоҳар даргир шуда, иддае ҳатто аз куштани падару модаре, ки ба дунёашон овардаанд, рӯй намегардонад.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз содир шудани ҳукми боз як писари падаркуш хабар додааст.

Муҳаммадҷон Исанқулови 37-сола, сокини ноҳияи Панҷ, бо ҳукми суд барои куштори бераҳмонаи падараш ба 20- соли зиндон маҳкум гаштааст. Исанқулов рӯзи 7-уми июн дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл расонидааст, зеро
Аваз Бӯстонов баъди нӯшиндани машрубот бо писараш, аз ӯ дархост кардааст, ки ҳамсару фарзандонашро аз хонаи падарарӯсаш (хусураш) баргардонад, вале байни падару писар сари ин мавзуъ баҳсу мунозира сар зада, муноқиша ба миён омадааст.

Муҳаммадҷон Исанқулов бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани падараш Аваз Бӯстонов бо болға ба cap ва рӯйи падараш чанд бор зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Додситони ноҳияи Панҷ нисбати Муҳаммадҷон Исанқулов бо қисми 2-и моддаи 104, банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, номбурда бо ҳукми Суди вилояти Хатлон ба мӯҳлати 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД