Arzon march 2024
Писари холаам ҳаётамро сӯхт
05.08.2022
ОИЛА
2147


Ҳангоми дар синфи 9 таҳсил карданам писари холаам, ки он вақтҳо донишҷӯ буду дар хонаи мо меистод, маҷбуран ба номусам дастдарозӣ намуд. Баъди ин ҳодиса таҳдид мекард, ки агар ба волидонам гӯям, маро шарманда мекунад. Аз ӯ сахт метарсидам, баъди чанде писари холаам ба хобгоҳ рафт. Он замон аз ғаму изтироби шадид бемор шудам. Ҳар шаб бо гиря аз Худо тавалло мекардам, ки ҷонамро тезтар гирад. Дигар мактаб ҳам рафта наметавонистам, ба девонаҳо монанд шуда будам. Модарам ҳамеша аз ман сабаб мепурсиданд, вале аз гуфтани ҳақиқат метарсидам. Бо ҳамин аҳвол мактабро хатм намуда, донишҷӯ шудам. Ба хонаамон хостгор меомад, вале ман ҷавоби рад медодам. Синну солам ба 22 расид, модарам ҳам безобита шуда, маҷбур карда истодааст, ки зудтар ба шавҳар бароям. Вақте ки шавҳар намекунам гуфта, гиря мекунам, модарам ҳам тарсида, гирён мешаваду хоҳиш мекунад, ки ба ӯ дарди дил кунам, вале наметавонам. Муддати 7 сол аст, ки азоби руҳӣ мекашаму чӣ кор карданамро намедонам. Писархолаи номардам оиладор шуда, ҳамроҳи занаш ба Русия рафтанд. Занаш дар он ҷо шавҳарашро бо духтари дигаре қапида, ҷудо шудааст. Аллакай хешу ақрабо нисбати писархолаам нафрат доранд, вале ман сири худро ба касе гуфта наметавонам. Чанд рӯз қабл ба хонаамон боз хостгор омад, наздиконам мехоҳанд, ки ман бо домодшаванда вохӯрам. Акнун чӣ кор карданамро намедонам. Рафта ба он ҷавон ҳамаашро нақл кунам ё боз ба хостгорон ҷавоби рад диҳам?
С.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД