Sebiston new 2024 october
Писарамро ба аммаш тӯҳфа кардаму… Қисми 2
24.10.2022
Дилошӯб
1935

Акнун Муслима субҳи барвақт ба хонаи мо омада, тамоми кору бори хонаро иҷро мекард, барои ман хӯрокҳои лазиз пухта, дастамро ба оби хунук задан намемонд, ман наметавонистам ба ӯ бигӯям, ки наметавонам фарзандамро ба ту диҳам. Зеро ин зани ташнаи фарзанд аз хурсандии шавҳарашу хусуру хушдоманаш мегуфту мегуфт. Моҳи зоданам фаро расид, ман акнун ба тифлакам ошно будам, медонистам писар таваллуд мекунам ва як шаб ба шавҳарам гуфтам, ки наметавонам тифлакамро ба Муслима диҳам. Шавҳари хушгапу солҳо шайдоям бо чашмони аз косахонаи сараш баромада ба сарам чунон фарёд зад, ки дар ҷоям шах шудам:

-Ту хоҳари маро куштаниӣ, агар розӣ набудӣ, ин спектакл барои чӣ буд?! Ту як дарундори дурӯя будаӣ, акнун ниқобат афтид?!

-Мардакҷон, ман на дурӯяаму на ниқобдор, охир фарзанд мол нест, ки ӯро ба каси дигар ҳадя намоӣ,- гуфтам бо гиря, вале шавҳарам бо қатъият гуфт:-Агар аз ман умед дошта бошӣ, аз қавлат нагард.

Ман хуб фаҳмидам, ки зери ин маҳфум чӣ мақсад пинҳон буд, яъне шавҳарам аз баҳри ману панҷ фарзандаш барои хушбахтии хоҳараш гузаштанӣ буд. Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ маро дарди зодан фаро гирифт, хоҳаршӯям бо шавҳараш маро ба таваллудхона бурданд. Писараки нозанинам ба дунё омад, паҳлавонписар чор килою панҷсад грамм вазн дошт. Чун тифлакро ба рӯйи шикамам монданд, ӯ пач-пачкунон тавонам-натавонам ба макидани пистонҳои пури ширам сар кард, ман танҳо ду рӯз дар таваллудхона бо тифлакам будам, баъд тифли ширхори маро аз банди пистонам канда гирифтанд. Муслимаи бераҳм “ба ҳамдигар омӯхта мешавед” гӯён, писари маро бо худ бурд, ман ҳаққи тифлаки бегуноҳамро бехи дарахтони сабз медушидаму тифлакам шири сунъӣ мехӯрд. Аз байн як моҳ гузашт, Муслима ҳамаро ба маросими гаҳворабандон даъват кард, вале шабе, ки фардояш бояд гаҳворабандон баргузор мегашт, писаракам аз дунё гузашт. Шаб ӯро чӣ дарде мегирад, ки то рӯз гиря мекунад, талоши духтурон баҳри наҷоти ӯ бенатиҷа монданд ва ӯ модари бераҳму аммаи бешафқаташро танҳо гузошта рафт. Шояд Худованд маро барои ношукрияму Муслимаро барои бераҳмияш ҷазо дод? Пас аз марги писарам дарди саре ёрам шудааст, ки вуҷудамро месӯзонад, танҳо гиря каме сабукиям мебахшад. Хушдоманам сари болинам нишаста, мазамматам мекунад, ки бо гиряву зории бисёри худ сари тифлаки бегуноҳро хӯрдам, шавҳарам  ҳам хомӯшу андешаманд гаштааст. Ҳарчанд пайвандонам аз ман пинҳон медоранд, вале худам медонам, ки гирифтори омоси бадсифати майнаи сарам. Як бор аллакай табобати кимиёвӣ гирифтаам, мӯйи сару абрӯву мижгонам рехтанд, аз зиндагӣ дилсарадам. Ҳар шаб бо садои гиряи тифлаки тӯҳфакардаам бедор мешавам, ёд дорам, вақте Муслима ӯро аз банди пистонам канда бурд, тифлак чунон талх гиря мекард, ки гумон мекардӣ мораш газидааст. Аз зиндагиям рӯзҳои ба шуморе боқӣ мондаанд, қисмати чор писари ноболиѓам ба дасти чӣ гуна зан меафтад, номаълум. Мақсади навиштани номаи вопасинам ба ҳафтавори «Оила» ҳушдор ба занон аст:

-Хоҳарони азиз, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ шароит фарзандонатонро ба касе ҳадя накунед, на ба хоҳару додар на ба пайванду хешу табор. Ҳарчанд падару модарам мегӯянд, ки ҳама чиз аз насиб аст, вале ман медонам, маро дурӣ аз фарзанд ба ин ҳол афканд, зеро ман модари фарзанддӯстор ҳастам. Агар ба пойи як фарзандам хор халад, гумон мекунам, ки он хор ба ҷигари худам халидааст. Шояд ҳамин хислатам ба сарам бало гашт?

Бо эҳтиром Самира

Таснифи Дилошӯб 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД