(Нома аз ҷогаҳи марг)
Дар хонадони мардони ба тақво ба дунё омада, ба воя расидаам, дар гӯши мо аз хурдӣ як пандро ҳалқа кардаанд, ки эҳтиром ба калонсолон дар ҷойи аввал меистаду хурдовард ҳаққи гардондани гапи калонсолонро надорад!
Байни шаш бародар духтари сархаму ҳунарманду таърифӣ будаму хостгорони зиёде доштам, вале падарам маро ба писари як хеши дураш, ки шахси мансабдору сарватманд буд, ба шавҳар дод. Шавҳарам ҷавонмарди болобаланди зебо, соҳиби ҷойи кору пулу мошин буд. Ӯ низ мисли ман байни шаш хоҳар писари ягона буд. Шавҳарам се апаю се хоҳар дошт. Муносибати ҳамсарам ба ман хеле ошиқона буд, пайвандонаш низ аз ин муносибатҳои зебои мо шодмонӣ мекарданду хусуру хушдоманам маро барои хизматгориям дӯст медоштанд. Бо хоҳарони шавҳарам мисли дугона будам, онҳо ягон гапашонро аз ман пинҳон намекарданд. Бо гузашти солҳо ҳама хоҳаршӯйҳоям шавҳар карда, ба оилаҳои хубу бамаънӣ келин шуда рафтанд. Ман соҳиби чор гулписари нозанин шуда, умеду ормони хусуру хушдоманамро аз наберабонӣ шикастам, вале…
Хоҳаршӯйҳоям ҳамагӣ соҳиби фарзанд гаштанду хоҳари кенҷагияшон, ки ӯро ҳамаи аҳли хонадон дӯст медоштанду эрка мекарданд, аз ин неъмати илоҳӣ бенасиб монд… Баъди даҳ соли зиндагии якҷояаш бо шавҳар, хусуру хушдоманаш қарор карданд, ки онҳо бояд ҷудо шаванд. Хусуру хушдомани ман низ ба амри онҳо розӣ шуданд, вале шавҳари хоҳаршӯям ман зани мепартофтагӣ надорам,- гӯён хонаи ҷудо харида, рӯзгорашро аз падару модараш ҷудо кард. Акнун хоҳаршӯям зуд-зуд ба хонаамон омада, пеши ману модараш мегиристу меноилиду мерафт. Мо ба ӯ маслиҳат додем, ки аз хонаи бачаҳо тифлакеро ба фарзандӣ хонад, ӯ ҳам розӣ шуд, ҳатто ҳамроҳи акааш ба ятимхонае рафта, маслиҳат ҳам кард, аммо…
Рӯзе ман худамро бад ҳис кардаму ба духтур рафтам, духтур гуфт, ки ҳомиладор шудаӣ. Ман ҳайрон шудам, зеро доруи зидди ҳамл истеъмол мекардам. Духтурзани шинос гуфт:
-Агар хоҳӣ, ки тифлакат солим ба дунё биёяд, дигар доруро истеъмол накун, агар тавлидашро нахоҳӣ, ҳоло тифлат шакл нагирифтааст, метавонӣ исқоти ҳамл кунӣ.
Аммо ман дастонамро ба хуни кӯдаки бегуноҳ олуда карданӣ набудам ва ба духтур гуфтам, ки кӯдакамро ба дунё меорам, шояд духтарак бошад. Писарчаи хурдиям аллакай ба синфи як мерафту хабари ҳомиладор шуданам хушдоману шавҳарамро шод кард, вале чун ман гуфтам, ки духтар мехоҳам, хушдоманам гуфт:
-Келинҷон, дар хоки поят садқа, ман туро аз духтаронам кам намедонам, агар хотири мӯйи сафеди ману хусурат ва қадри муҳаббати шавҳаратро донӣ, ҳамин кӯдакатро ба дунё оварда, ба Муслима (хоҳаршӯйи бефарзандам) медиҳӣ.
Ҳарчанд, ки ин таклифи хушдоманам чун тире ба ҷигарам халид, вале аз рӯйи тарбияи доштааму одати дар хунам нишаста натавонистам хоҳишашро рад кунам. Хушдоманам занг зада, ин хушхабарро ба хоҳаршӯям расонид, ӯ худи ҳамон соат расида омаду бо гиряву зорӣ дастонамро бӯсида, такрор ба такрор мегуфт:
-Мемирам дар янгаҷони қадрдонам, Худованд давлати бачаҳакота бубинӣ, ту фариштаӣ янгаҷон.
Давом дорад