formula feb 2025
Писарам янгаамро оча мегӯяд
1318

Салом! Мехоҳам, ки ба як саволи худ ҷавоб пайдо кунам.

Ман чанд сол пеш, вақте ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтам, тифли яксолаамро ба янгаам, зани бародарам, дода будам. Ин кор бо ризогии ӯ ва бародарам рух дода буд. Онҳо пас аз бозгашт, бояд Самеъҷонро ба ман бармегардонданд. Пас аз шаш соли зиндаҷудоӣ, ман ба Ватан баргаштам ва вақте, ки писаракамро дидам, дигар ман барои ӯ бегона шудаам. Вақте хостам ӯро ба оғуш гирам, Самеъҷон аз янгаам пурсид, ки ман кистам. Ҳарчанд, бечораи янгаам ба ӯ мефаҳмонд, ки ман модараш ҳастам, аммо якравона такрор мекард, ки”очаи ман ту ҳастӣ”. Акаам ҳам кушиш мекунад, ки Самеъҷон маро чун модараш қабул кунад, аммо инро бачаи якрав ба гардан намегирад.

Бародару янгаам боз худашон соҳиби се фарзанд мебошанд ва мехоҳанд Самеъҷонро баргардонад.

Шояд ягон психолог ба ман маслиҳат медиҳад, ки бо кадом роҳ меатвонам дили фарзандамро ба даст орам, то ки маро ҳамчун модари ҳақиқиашро қабул кунад.

Барои ин чӣ кор кардан лозим?

Зайнураи ҲАКИМ,

модари Самеъҷон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД