Аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ва истеъмоли воситаҳои нашъадор оқибат шахсро беобрӯву шармсор мегардонад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯй додааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Раҷабов Усмоналӣ, сокини 20-солаи ноҳияи мазкурро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд. Номбурда санаи 16-уми сентябр дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор ба манзили истиқоматишон ҳозир шуда, дар баробари нисбати модари худ беэҳтиромӣ намудан, ҳамзамон бо табарча ӯро таҳдиди латукӯб намудааст.
Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нисбати Раҷабов У. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба вай ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.