Марям Санавбарова ҳамасола дар мавсим бо ҳамроҳии ду келинаш пилла парвариш мекунад. Кирмакпарварӣ ба ӯ аз хушдоман мерос мондаасту имрӯзҳо ба як шуғли дӯстдошта табдил ёфтааст.
Қаҳрамони мо қариб 40 сол аст, ки баҳри рушди ин соҳа заҳмат мекашад. Чун дар ин самт мутахассис асту таҷрибаи бой дорад, аксарият аз ӯ маслиҳату машварат гирифта, нозукиҳои ин пешаро меомӯзанд.
Марям Санавбарова 64 сол дорад. Ӯ зодаи деҳаи Варсиқи ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан аст. Қаҳрамони мо солҳост, ки пиллапарварӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд дар аввал аз кирмак ҳарос дошт, вале имрӯзҳо пиллапарварӣ ба як шуғли дӯстдоштааш табдил ёфтааст. Алҳол ду келин ва 9 духтари холаи Марям аз уҳдаи парвариши пилла ба хубӣ мебароянд. Духтари хурдияш 4 сол мешавад, ки мустақилона ба ин пеша машғул аст.
Мавсими пилла аз охири моҳи апрел то охири моҳи май идома меёбад. Давоми 25-30 рӯз кирмакҳо пурра пилла омода мекунанд. Бино ба гуфтаи Марям Санавбарова, то тайёр шуданаш, кирмакҳо чор маротиба хоб мекунанд. Хоби аввал якуним - ду рӯз, хоби дувум се рӯз, хоби сеюм ҳафт рӯз ва хоби охирон, ки "хоби ноз" мегӯянд, 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад.
"Тухми кирмак монанди мӯрча майда мешавад. Онро дар қуттичаҳои махсус меоранд. Кирмакро нахуст рӯйи коғаз паҳн карда, дар як шабонарӯз 6-7 маротиба барги резакардашудаи тут медиҳанд. Камтар ки калон шуд, яктогӣ барг мегузоранд ва кирмакҳои ба барг часпидаро боз паҳн мекунанд. Ҳамин тавр, шохчаҳои хурд ва сипас шохҳои калони дарахти тутро мегузоранд. Бояд ин ҳамаро хеле эҳтиёткорона иҷро кард, то ба кирмакҳо осебе нарасад. Агар кирмакпарвар бо меҳр парасторӣ кунад, аз кирмакҳо пиллаи хуб гирифтан мумкин аст",- таъкид кард Марям Санавбарова.
Ӯ афзуд, ки дар давоми парвариш кирмакҳо 15-16 маротиба пӯст иваз намуда, дар охир барои худ аз тӯр қасаба (хонае, ки кирмак бо тӯр метанад) омода мекунанд. Дар ин вақт рӯйи шохҳои тут коғаз ё шувоқ мегузоранд. Кирмакҳо дар коғазу шувоқ қасаба карда, ба пилла табдил меёбанд.
Ба гуфтаи Марям Санавбарова, кирмакҳо корхонаи табиии хурде мебошанд, ки дар он пилла истеҳсол мешавад. Ин корхонаҳо мавсимӣ буда, ин муддат ҳарчи бештар пиллапарварон ба парвариши кирмак машғул мешаванд.
Кирмакпарварӣ аз қадим яке аз соҳаҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Зеро пиллапарвар дар 25-30 рӯзи мавсим дар баробари пилла ҳезум ва поруи хубе ба даст меорад. Ба гуфтаи пиллапарвари моҳир, поруро даруни чуқурӣ гӯр карда, болояшро мепӯшанд, то фасли баҳор он ба беҳтарин нурии кимиёвӣ табдил меёбад.
- Парвариши пилла як кори шавқовар аст. Вақте вориди пиллахона мешавам, соатҳо намебароям. Ҳаракат ва рӯз аз рӯз калон шудани ин ҷонваракони хурд ба инсон завқ мебахшад. Ҳамасола мавсими пилларо интизорӣ мекашам. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҳукумат ба соҳаи пиллапарварӣ хеле зиёд аст. Зеро аз пилла абрешими босифат омода гардида, аз абрешим бошад, матоъҳои хушсифат истеҳсол мешавад,- мегӯяд ҳамсуҳбатамон.
Марям Санавбарова аз пиллапарварони номии шаҳри Истаравшан аст. Ӯ соҳиби 15 фарзанд (11 нафарашон дар қайди ҳаёт) буда, ҳамагӣ аз уҳдаи парвариши пилла ба хубӣ мебароянд. Имрӯзҳо ба холаи Марям ду келин ва шавҳараш Санавбаров Аҳмад кумак мерасонанд.
Марям Санавбарова барои саҳми бориз гузоштан дар ҳифз ва рушду нумӯи соҳаи пиллапарварӣ борҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд мукофотонида шудааст. Аз ҷумла, соли 2010 бо телевизор, мантупазак ва 8000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шудааст. Ӯ умедвор аст, ки фарзандонаш ин пешаи меросиро давом дода, барои ҳифз ва рушду нумӯи он саҳм мегузоранд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ