Arzon march 2024
Пиҳилам намо, Назира!(ҚИСМИ 2)
13.10.2021
ДИЛОШӮБ
2376

Тӯҳфаҳои арзонбаҳое, ки ба фикрам ӯ писандашон накунад ҳам, ба хотири ишқи ба ман дошта изҳори хурсандӣ мекард. Назира аввалҳо барои модараму духтараму занам низ ҳар гуна тӯҳфаҳо мехарид, то он рӯзе, ки…

                               Рашки хонасӯз

Боре дар кӯча бо як зан шинос шудам, ки ӯ мошин дошту шавҳари сарватманд, хостам ӯро низ ба гови ҷӯшоӣ табдил диҳам, вале натавонистам. Аммо ба умеди ӯ Назираро аз даст додам, Назира сӯҳбати маро бо ӯ дар сари роҳе дида, чунон ҷангу ҷанҷол бардошт, ки…

Ман поси нону намаку хубиҳои Назираро накарда, ӯро задам, ҳақорат додам, таънаҳои зиёдаш кардам ва аз ӯ ҷудо шуда, дум-думи ошиқи навам гаштам, вале ин бонуи аноӣ набуд ва маро аз рӯйи роҳаш дур кард, аз ӯ як тин ҳам гирифта натавонистам. Боз рафтам ба суроғи Назира, худамро мори сиёҳ кардаму дилашро ёфтам, аммо дигар он Назираи ғуломи ба садои доираи ман рақс мекардагӣ набуд. Хоҳад, телефонашро мебардошт, нахоҳад мекушт, ин ҳама алами маро меоварду ӯро ҳақоратҳои қабеҳ мекардам, таҳқираш мекардам… Кор то ҷое расид, ки ӯ низ маро ҳақорат медод, ҳамин тавр гургоштӣ чанд моҳи дигар бо ҳам будем. Ва як рӯз баъди ҷанҷоли навбатӣ мо ҷудо шудем. Аслан ман дидам, ки дигар аз ин зан ягон фоида гирифта намешавад аз рӯйи роҳаш рафтам. Назира фақат як дуо дошт, ба таҳқири Худои бузург гирифтор шавӣ….

Ва ман ба ғазаби Худо гирифтор шудам, дуои ин зани бечора, ки ин қадар пулашро хӯрдаму боз зери мушту лагат гирифтамаш, маро гирифт. Ҳоло рӯйи бистари бемориям, саратони ғадудҳои зери меъда ҳаётамро ба дӯзах мубаддал сохтааст. Гиряҳои зор-зори духтару занамро дида, гиряҳои Назира ба хотирам мерасанд, охир ӯ баъди ман Тоҷикистонро тарк гуфт. Тиҷорату хонаву дарашро фурӯхта, ба хориҷа ба назди духтараш рафт, ман медонистам, ки ӯ то кадом дараҷа Ватанашро дӯст медорад. Дар се соли якҷоя будани мо як бор ба хориҷа рафту зуд баргашт, чун пурсидамаш, ки чаро он ҷо намонд, гуфт:

-Ман бе Тоҷикистон мемирам, вагарна домодам ҷиянам аст ва ҳамеша зорӣ мекунад, ки “амма, биё назди мо, он ҷо танҳо чӣ мекунӣ?”.

Ман бовари Назираро шикастам, дилашро аз дунё мондам, ғарибаш кардам ва Худо маро зад! Назираҷон, маро бубахш азизам, то ҳол дӯстат медорам, зеро ягон кас маро дар тули умрам чун ту дӯст надоштаву эрка накардааст. Агар ту маро набахшӣ, дастам беруни гӯр мемонад. Тамоми пайкарам месӯзад, саратон алаккай ба ҷисму ҷонам панҷа задаасту соат мешуморам, ишқи туро ҳамроҳам ба гӯр мебарам, азизам. Ашкҳое, ки аз чашмони ту рехтанд, имрӯз аз чашмони ҳамсарам ва духтараки ягонаам мерезад, намедонам баъди ман аҳволи онҳо чӣ мешавад, зеро мани баду бахил ба ягон пайвандам муносибати хуб надорам.

Маро бубахшу пиҳилам намо, Назира!

                                                          Диловари бемору чашминтизори ту

                                                          Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД