Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди мубораки Қурбон, ки яке аз ҷашнҳои асосии тамоми мусалмонони ҷаҳон мебошад, мардуми шарифи тоҷикро табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро бо ин иди саид муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳату умри давроз ва дар ҷодаи талош баҳри пойдории сулҳу субот дар мамлакат барору комёбиҳо орзу намуданд.
Зимни ироаи паёми табрикотии худ президенти кишвар таъкид намуданд, ки мақсад аз ҷашнгирии ид танҳо оростани дастурхони шоҳона набуда, ҳадафи асосӣ дастгирии ятимон, оилаҳои бесаробону камбизоат, пирони танҳо ва дигар одамони ниёзманд мебошад, зеро чунин амалҳои хайр савоби зиёде доранд. Сарвари давлат аз фарҳанги бою ғании мардуми тоҷик ёдовар гашта, эҳтирому ғамхорӣ нисбат ба волидон ва дигар наздиконро аз қарзҳои асосии инсон номиданд.
“Иди Қурбон беҳтарин фурсат барои густариши ваҳдату ягонагӣ ва дароз кардани дасти хайру саховат ҷониби наздикон аст”,- таъкид намуданд Пешвои миллат ва аз сокинони кишвар даъват карданд, ки ба масъалаи тарбияи фарзандонашон дар руҳияи ватандӯстӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.