Formula novemver 2024
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон аҳсанд хонду...
694


“Дар чорабиниҳои 30-солагии истиқололияти кишвар баъзе камбудиҳо дар бунёди мактаб, муассисаи таълимӣ, боғчаи бачаҳо майдончаи варзишӣ ба чашм мерасиданд, ки ин нафси бади онҳоро нишон медод. Мо ба ин корҳо хотима доданамон лозим аст.

Ишора мекунам, ки аз 25 ҳазор иншооте, ки дар 30 солагии истиқлолият ба истифода дода шуданд, аз ҷониби соҳибокорон анҷом дода шуд. Садҳо муаасисаи таълимиро аз ҳисоби худашон сохтанд. Чӣ онҳо қарздоранд? Ҳамкорӣ карданамон даркор, шароит муҳайё кардан даркор! –гуфт зимни паёми имрӯзаи худ Пешвои миллати тоҷик.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар норозигии худро аз кори раисони ноҳияву шаҳрҳо дар Паёми имсола гуфта гузаштанд ва таъкид карданд, ки бояд соҳибкорон дастгирӣ ёбанд. Президени мамлакат саҳми соҳибкоронро дар таъмини ҷойи корӣ назаррас арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки соҳибкорони тоҷик дар раванди саноаткунонии мамлакат, бунёди корхонаҳои ситеҳсолӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас доранд.
“Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони тоҷик ба маблағи умумии беш аз 12 милллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар сохтани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, махсусан сармоягузории мустақим ва ҳавасмандгардонию қадрдонӣ кардани соҳибкорон ва рушди сармоягузорию соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.”
Сарвари давлат барои сабукӣ бахшидан ба соҳибкорони давлатӣ пешниҳод карданд, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ қонунгузорӣ такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доира як санади меъёри ҳуқуқи тартиб дода шуда, то шаст фоиз ихтисор карда шавад.”
Дар идомаи ин мавзӯъ ироа гардид, ки дар соли 2022 шумораи субекутҳои соҳибкрорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 76 ҳазор зиёдтар мебошад.
“Соҳибкорони тоҷик 50 дидбонгоҳи давлатиро худашон сохтаанд, ки медонед, чӣ қадар маблағ мешавад?!”-таъкид намуд президинт.
Ёдовар мешавем, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар дар Кохи Сомон рафта истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД