Пешвои миллат дастур доданд, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо баррасӣ шавад
107

Пешвои миллат дастурдод, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо баррасӣ шавад

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ки масъалаи гузоштани панелҳои офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шуда, фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад.

Дастури мазкур аз ҷониби президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 25 ноябр дода шудааст.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» шунида шуд.

Иброз гардид, ки баробари амалӣ намудани Барнома натиҷаҳои зерин, аз ҷумла 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД